Тафсири Сураи Коф Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 45
نَحۡنُ اَعۡلَمُ بِمَا يَقُوۡلُوۡنَۖ وَمَاۤ اَنۡتَ عَلَيۡهِمۡ بِجَـبَّارٍۖ فَذَكِّرۡ بِالۡقُرۡاٰنِ مَنۡ يَّخَافُ وَعِيۡدِ ٤٥
Наҳну аъламу би ма яқулун. Ва ма анта ъалайҳим би ҷаббар. Фа заккир би-л-Қурани ма-й яхофу ваъӣд. 45.
45. Мо хуб медонем он чӣ мегӯед ва нестӣ ту бар онҳо ҷабркунанда, пас, бо Қуръон касеро, ки аз ваъдаи азоби Ман метарсад, панд бидеҳ.
Ин ояти карима як дилбардорӣ ба Расули барҳақ (с) ва ваъиди азоби Аллоҳ аст барои ашхоси аз ҳақ рӯйгардонида, ба хоса барои кофирони Қурайш. Хулоса, Ӯ таъоло барои тасаллии ҳабиби Худ (с) ва барои таҳдиди кофирони Қурайш зимни ояти мазкур мефармояд, ки аз ҳама он чӣ ки ин мушрикони Қурайш дар ҳаққи ту аз суханҳои қабеҳу мазоҳ ва масхара мегӯянд ва омадани рӯзи қиёматро бовар надоранд, огоҳ ҳастем. Локин кори ту ай Расули Ман, фақат панд ва таблиғ аст. Шахсоне, ки аз ваъиди (азоби) Ман метарсанд, онҳоро аз пандҳои қуръонӣ хотиррасон кун, ҳар он чӣ ки Ман амр мекунам, бе қаҳру ҷабр ба мардум бирасон. Ман туро ҳамчун ҷабркунанда ба мардум нафиристодаам, то ки онҳоро бо ҷабр ба Ислом ворид созӣ. Ислом овардан маҷбурӣ нест. Дар ҳақиқат куфр варзидан ихтиёри банда аст. Бинобар ин, инсони кофир бар куфраш маъзур нест.
Худованд ин сураи каримаро бо савганд бо Қуръон ифтитоҳ (оғоз) карда буд, боз ба зикри Қуръони маҷид онро ҳусни хотима бахшид. Ибтидо ва интиҳои сура як хел суратро касб кард. Аллоҳ донотар аст.
Поён сураи «Қоф», ва поёни пораи 26-ум.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «