Сураи Қурайш Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Курайш Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қурайш Ояти 4

الَّذِىۡۤ اَطۡعَمَهُمۡ مِّنۡ جُوۡعٍ ۙ وَّاٰمَنَهُمۡ مِّنۡ خَوۡفٍ ٤

Ал-лази атъамаҳум-м мин ҷуъи-в ва аманаҳум-м мин хавф. 4.

4. Ӯ чунон Худовандест, ки онҳоро дар гуруснагӣ таъом дод ва онҳоро аз хавф эмин гардонид.

Худованд Зоти пок аст, ки қабилаи Қурайшро дар гуруснагии сахте, ки пеш аз ин ду сафари тиҷоратии зимистонаву тобистона воқеъ шуда буданд, онҳоро сер гардонид. Инчунин аз хавфе, ки онҳоро таҳдид мекард, яъне аз Абраҳа ва сипоҳи ӯ онҳоро эмин дошт. Ба сабаби хонаи худ, ки қурайшиён дар атрофи он зиндагӣ мекарданд, дар дили мардум нисбат ба ин қавм ҳисси эҳтиром гузошт, ки дар ҳама ҷой онҳоро ҳурмату эҳтиром намуда, гиромӣ медоштанд.

Танбеҳ: Дар кадом маконе, ки ба неъматҳои Худованд ношукрӣ шавад, гуруснагӣ ва хавф дар он ҷо ҳукмфармо мегардад. То он вақте ки онҳо хатои худро фаҳмида, аз куфрони неъмат боз гашта, шукргузории Холиқи худро накунанд, аз он бало халос намешаванд. Бинобар ин, ба ҳама лозим аст, ки шукри Худоро бикунанд ва аз маъсият (гуноҳ) даст бикашанд ва тоату ибодати Худои ягонаро бо ҷону дил ба ҷо оваранд.

Поёни сураи “Қурайш”. Валиллоҳил ҳамд.

Агар рӯзӣ ба доноӣ дарфузудӣ,
Зи нодон камрӯзитар набудӣ.
Ба нодоне чунин рӯзи расонад,
Ки сад доно дар он ҳайрон бимонад. (Саъдӣ)


Рӯйхати оятҳои Сураи Қурайш «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қурайш Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моъун – Тафсири Осонбаён (Қуръон)