Тафсири Сураи Лукмон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
الٓمّٓ ١
Алиф. Ламм. Мӣм. 1.
1. Алиф, лом, мим. (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад.)
Худованд сураи «Луқмон»-ро бо ҳарфҳои ҳиҷоии алифбои арабӣ оғоз намудааст. Ин ҳам яке аз ишораҳоест, ба муъҷиза будани Қуръон. Дар вақти тиловати Қуръон онҳо бо номҳояшон: «Алиф, лом, мим» хонда мешаванд. Мушрикони араб бояд бидонанд, ки агарчи бо чунин ҳарфҳо сухан мекунанду менависанд, локин наметавонанд ҳатто ҷумлае бисозанд, ки монанди оятҳои Қуръон пурмаъно бошад. Барои маълумоти бештар ба ояти 1-уми сураи «Бақара» ва дигар сураҳое, ки бо чунин ҳарфҳо оғоз шудаанд, муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «