Сураи Луқмон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 10

خَلَقَ السَّمٰوٰتِ بِغَيۡرِ عَمَدٍ تَرَوۡنَهَا‌ وَاَلۡقٰى فِى الۡاَرۡضِ رَوَاسِىَ اَنۡ تَمِيۡدَ بِكُمۡ وَبَثَّ فِيۡهَا مِنۡ كُلِّ دَآبَّةٍ‌ ؕ وَاَنۡزَلۡنَا مِنَ السَّمَآءِ مَآءً فَاَنۡۢبَتۡنَا فِيۡهَا مِنۡ كُلِّ زَوۡجٍ كَرِيۡمٍ ١٠

Халақа-с самавати би ғайри ъамадин таравнаҳа. Ва алқа фи-л-арЗи равасия ан тамӣда бикум ва басса фӣҳа мин кулли даббаҳ. Ва анзална мина-с-самаи маан фа амбатна фӣҳа мин кулли завҷин карӣм. 10.

10. Осмонҳоро ба ғайри сутунҳое, ки онҳоро бубинанд, офарид ва дар Замин барои нигоҳдорӣ аз он ки шуморо биҷунбонад, кӯҳҳоро афганд ва дар Замин аз ҳар навъ ҷонварон пароканда кард. Ва аз Осмон обро фуруд овардем, пас, дар Замин аз ҳар ҷинс (ҷуфт)-и нек гиёҳонро рӯёнидем.

Аллоҳ таъоло Офаридгори ягона аст, дигар ҳеҷ Зоте дорои сифати офаридан нест. Ҳоло Худованд, дар ин оят ба панҷ Қисмат офариниши Худ, ки бо ҳам пайванди ногусистанӣ доранд, ишора карда фармудааст, ки Худованд Зотест, ки осмонҳоро бо ин азамат ва устуворӣ бидуни устунҳои дидашаванда офарид. Он устунҳое, ки ғайриоддианду инсон онҳоро дида наметавонад. Дар илми муъосир онҳоро Қувваи ҷозиба (кашиши байниҳамдигарӣ) мегӯянд. Ҳамчунин Худованд Зотест, ки то ин ки замин устувор бошад ва он чи болои ӯст, наҷунбаду наларзад, куҳҳоро офарид. Ин кӯҳҳо ҳастанд, ки заминро аз ҷунбидан ором нигоҳ медоранд. Вагарна ҳар лаҳза замин аз ларзидан дар амон нест. Хулоса, Худованд устувории осмонҳоро ба василаи устунҳои диданашаванда ва оромии заминро ба воситаи кӯҳҳо таъмин кард. Худованд дар тамоми нуқтаҳои курраи Замин бо шаклу ранги гуногун аз ҳар навъи ҷунбанда офариду парешон сохт.

Сипас Худованд дар давоми оят фармуд, ки Мо аз осмон обе (борон) нозил кардаем, ки ба василаи он навъҳои гиёҳони гуногуну ранго-рангро бо ҷуфтҳояшон дар рӯйи Замин руёнидем.

Хулоса, Худованд бо ҳамин тартиб заминро барои ҷунбандаҳои рӯйи он ба хусус барои зиндагонии инсон, ки асоси онро об ва гиёҳон ташкил мекунанд, бо ғизоҳои гуногун чун суфра густуронид, ки ҳар кадоми онҳо далелест бар Азамату Қудрати Парвардигор.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)