Сураи Луқмон Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 9

خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَا ؕ وَعۡدَ اللّٰهِ حَقًّا ‌ؕ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ٩

Холидӣна фӣҳа ваъдаллоҳи ҳаққо. Ва Ҳува-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 9.

9. Он ҷо ҷовидон бимонанд, Худо ваъдаи рост додааст ва Ӯ ғолибу боҳикмат аст.

Худованд дар ин оят ба шахсоне, ки имон оварданду амалҳои шоиста карданд ва соҳиби ҷаннатҳои пур неъмат шуданд, ваъда додааст ва ваъдаи Ӯ таъоло ҳаққ аст. Ваъда он аст, ки ин боғҳои пурнеъмати биҳишт барои онҳо ҷовидонааст, ҳамеша дар онҳо бимонанду ҳаргиз берун нашаванд. Худованд ваъдаи Худро ҳаргиз хилоф намекунад, зеро дар иҷрои ваъдааш ҳеҷ вақт оҷизӣ намекашад. Бидуни заррае шубҳа Ӯ азизу Қудратманд аст. Ҳеҷ чиз бар Ӯ ғалаба карда наметавонад ва Ӯ таъоло ҳаким аст ва тамоми корҳо ва суханҳои Ӯ саршор аз ҳикматанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)