Сураи Луқмон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон Ояти 11

هٰذَا خَلۡقُ اللّٰهِ فَاَرُوۡنِىۡ مَاذَا خَلَقَ الَّذِيۡنَ مِنۡ دُوۡنِهٖ‌ؕ بَلِ الظّٰلِمُوۡنَ فِىۡ ضَلٰلٍ مُّبِيۡنٍ ١١

Ҳаза халқуллоҳи фа арунӣ маза халақа-л-лазӣна мин дуниҳ. Бали-з-золимуна фӣ Залали-м мубӣн. 11.

11. Ин аст офариниши Худо, пас, бинамоед маро ононеро ки ба ҷуз Вайанд, чӣ чиз офариданд? Балки ситамгарон дар гумроҳии зоҳиранд.

Баъди зикри бузургии худ Худованд, рӯйи суханро ба мушрикон гардонида гуфт, ки он чӣ дар ояти Қаблӣ зикр шуд ва он чиро, ки дар атрофи худ мебинед, Худованд офарид, аммо ба ман нишон диҳед, ки чизҳое (маъбудон)-е, ки ғайри Худоанду шумо онҳоро парастиш мекунед, чӣ чизро офаридаанд? Оё онҳо чизе офарида тавонистаанд, ки бо ягон офаридаи Худованд монанд бошад? Мусаллам аст, ки онҳо ба тавҳиди холиқият (ягонагии Аллоҳ дар Офаридгорӣ) иқрор шуда, дар посух «не» мегӯянд, зеро онҳо медонанд, ки дар ин ҷаҳон ягон махлуқ офаридаи бутҳои онҳо нест, ҳамин эътироф ба тавҳиди холиқият далеласт, то ин, ки онҳо низ ба тавҳиди рубубуият (ягонагии Аллоҳ дар Парвардигорӣ) эътироф карда, ба ғайр аз Аллоҳи ягона дигар чизеро напарастанд. Аммо мушрикон дорои ин сифат нестанд.

Худованд дар идомаи ояти мазкур гуфт, ки мушрикон ошкоро золиму ситамгоранд. Хулоса, дар ин оят аввалан, Худованд, ситамгории мушриконро собит сохт ва сониян гумроҳии онҳоро. Чуноне ки дар муқаддима гузашт, дар оятҳои зер Қиссаи Луқмони ҳаким (р) оғоз мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Луқмон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)