Тафсири Сураи Лукмон Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 12
وَلَقَدۡ اٰتَيۡنَا لُقۡمٰنَ الۡحِكۡمَةَ اَنِ اشۡكُرۡ لِلّٰهِؕ وَمَنۡ يَّشۡكُرۡ فَاِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهٖۚ وَمَنۡ كَفَرَ فَاِنَّ اللّٰهَ غَنِىٌّ حَمِيۡدٌ ١٢
Ва лақад атайна Луқмана-л-ҳикмата анишкур лиллаҳ. Ва ма-й яшкур фа иннама яшкуру ли нафсиҳ. Ва ман кафара фа инналлоҳа ғанийюн ҳамӣд. 12.
12. Ва ҳаройина, Луқмонро ҳикмат ато кардем, гуфтем, ки: «Худоро шукр кун! Ва ҳар кас шукр кунад, пас, ҷуз ин нест, ки барои нафъи худ шукр мекунад ва ҳар кас носипосӣ кунад, пас, ҳаройина, Худованд бениёзу сутудакор аст».
Борҳо дар оятҳо ва сураҳои Қаблӣ гузашт, ки ҳар чиз дар ҷойи муносиби худ гузошта шавад, онро ҳикмат номида мешавад. Аз ин рӯ ҳар сухани таъсирбахше, ки барои зиндагии дунё, ё охират фоидаовар бошад, онро низ ҳикмат гуфта мешавад. Худованд ба Луқмони ҳаким чунон ақлу заковат, фаҳму фаросат, пурмаъногӣ ва зебогии баёнро дода буд, ки суханҳои ӯ таъсирбахшу боҳикмат буданд. Худованд дар ояти мазкур хабар додааст, ки ба ростӣ мо ба Луқмон ҳикматро бахшидем ва ба ӯ гуфтем, ки аввало ба Худованд шукргузор бош! Зеро ҳар касе шукргузор бошад, ҳосили шукргузорӣ ба фоидаи худи ӯст. Шукр аст, ки инсон неъматҳои Парвардигорро пос медорад ва онҳоро ҳифз мекунад ва ба сабаби он дигар неъматҳои Худовандро ба худ ҷалб мекунад. Худованд дар сураи “Иброҳим” ояти 7-ум гуфтааст, ки агар шумо шукр кунед, албатта, неъматҳои худро барои шумо зиёда мекунам. Аммо ба ҷойи шукргузорӣ, касе носипоси неъматҳои Парвардигор шуда шукр накунад, бар зиёни худи ӯст.
Зеро Худованд Зотест, ки бенаёз ва ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест, сазовори ҳамд аст ва аз ҷониби тамоми махлуқоти худ ҳамду шукр гуфта шудааст. Агар як махлуқ ба Қадри неъматҳои Худованд нарасаду шукр нагӯяд, мулки Парвардигор ҳеҷ кам намешавад. Хулоса, Луқмони ҳаким бо сабаби шукргузорӣ аз илми ҳикмат бархудор шуд. Акнун чанд сухан дар бораи кӣ будани Луқмони ҳаким: Дар тафсири «Байзовӣ» омадааст, ки Луқмон фарзанди Боъуро хоҳарзода ё писархолаи Айюб (а), аз сиёҳпустони Миср буд, ки хело умри дароз дидааст. Довуд (а)-ро дарёфт ва аз вай илм омӯхтааст. Аҳли салаф дар Пайғамбар будани ӯ ихтилоф доранд. Қавли саҳеҳ он аст, ки ӯ (р) пайғамбар нест, балки марди ҳаким (хело доно) аст. Аммо ибни Касир гуфтааст, ки Луқмони ҳаким ғуломи ҳабашии Наҷҷор ном шахсе буд. Рӯзе мавлояш ба ӯ фармуд: «Ин гӯсфандро барои мо забҳ кун». Чун Луқмон онро забҳ кард, мавлояш ба ӯ гуфт: «Аз тани ин гӯсфанд ду пораи беҳтаринашро барои мо берун ор!» Луқмони ҳаким забон ва дили онро берун оварду тақдими хоҷаи худ кард. Баъди чанд вақт боз мавлояш амр намуд, то гӯсфандеро забҳ кунад. Ба ӯ фармуд, ду пораи бадтаринашро барои мо аз он берун кун! Луқмон боз забон ва дилашро барои ҳоҷаи худ тақдим намуд. Хоҷа ба ӯ гуфт: «Чаро вақто ки ба ту дастур додем, то ин ки покизатарин ду пораи гусфандро биёр, ҳамин забону дилро овардӣ ва вақто ки ба ту супориш кардем, ки палидтарин ду порчаи гӯшти онро биёр, боз ҳамин дуро овардӣ?». Луқмон гуфт: «Агар ин ду пок бошанд, чизе аз онҳо поктар нест, агар палид гаштанд, чизе аз онҳо палидтар нест».
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «