Тафсири Сураи Лукмон Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 13
وَاِذۡ قَالَ لُقۡمٰنُ لِابۡنِهٖ وَهُوَ يَعِظُهٗ يٰبُنَىَّ لَا تُشۡرِكۡ بِاللّٰهِ ؕاِنَّ الشِّرۡكَ لَـظُلۡمٌ عَظِيۡمٌ ١٣
Ва из Қола Луқману либниҳӣ ва ҳува яъизуҳу йа бунайя ла тушрик биллаҳ. Инна-ш-ширка лазулмун ъазӣм. 13.
13. Ва ёд кун, чун Луқмон ба писари худ гуфт, дар ҳоле ки ӯ он писарро панд медод: «Эй писараки ман, ба Худо шарик муқаррар макун. Ҳаройина, ширк ситами бузург аст».
Ба фарзандони худ панду насиҳат додан, вазифаи падар аст. Хусусан дар боби имону ақида ва яктопарастӣ падар назди Худованд масъул аст, ки ба фарзандони худ насиҳат кунад. Ҳоло Худованд дар ин оят расули Худ, Муҳаммад (с)-ро фармудааст, ки дар ёд ор, Луқмони ҳакимро, ки барои вазифаи худро иҷро намудан ба писари худ гуфт, ки эй писаракам, ҳеҷ гоҳ дар коре ба Худованд чизеро шарик Қарор мадеҳ, зеро ба Худо чизеро ширк Қарор додан зулму ситами бисёр бузург аст. Агарчи Худованд ба ибодати ҳеҷ кас эҳтиёҷ надорад, локин вазифаи падар он аст, ки бояд фарзанди худро аз ширк боз дорад ва ӯро яктопараст тарбия кунад. Ин аст насиҳати аввалини Луқмони ҳаким барои фарзандони худ.
Дар оятҳои баъдӣ чигунагии муносибат байни падару модар ва фарзанд баён мешавад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «