Тафсири Сураи Лукмон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 7
وَاِذَا تُتۡلٰى عَلَيۡهِ اٰيٰتُنَا وَلّٰى مُسۡتَكۡبِرًا كَاَنۡ لَّمۡ يَسۡمَعۡهَا كَاَنَّ فِىۡۤ اُذُنَيۡهِ وَقۡرًاۚ فَبَشِّرۡهُ بِعَذَابٍ اَلِيۡمٍ ٧
Ва иза тутла ъалайҳи айатуна валла мустакбиран ка ал лам ясмаъҳа ка анна фи узунайҳи вақро. Фа башширҳу би ъазабин алӣм. 7.
7. Чун бар ин гуна шахс оятҳои Мо хонда шавад, такаббуркунон рӯ бигардонад, гӯё онро нашунидааст, гӯё дар ҳар ду гӯши вай гаронӣ аст, пас, ӯро ба азоби дарддиҳанда хабар деҳ.
Сифати дигари шахсоне, ки барои гумроҳ кардани мардум, суханҳои беҳударо харидорӣ мекарданд ва оятҳои Қуръонро масхара менамуданд, ин аст ки агар барои онҳо оятҳои Қуръон тиловат карда шаванд, онҳо такаббуркунон аз шунидани оятҳои илоҳӣ рӯй мегардонанд, гӯё онҳо кар бошанд, ё онҳо чунон рафтор мекунанд, ки гӯё онро асло нашунидаанд. Худованд ба ҳабиби худ (с) фармуд, ки ба чунин шахсон хабар деҳ, ки азоби дардноки рӯзи охират дар пеши онҳост. Ояти зер ҳоли муъминонро баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «