Тафсири Сураи Лукмон Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Луқмон Ояти 8
اِنَّ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوا وَعَمِلُوۡا الصّٰلِحٰتِ لَهُمۡ جَنّٰتُ النَّعِيۡمِۙ ٨
Инна-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳати лаҳум ҷаннату-н-наъӣм. 8.
8. Ҳаройина, ононе ки имон оварданд ва кирдорҳои шоиста карданд, биҳиштҳои неъмат барои онҳост,
Баракси ҳоли шахсони мутакаббири беимону гумроҳкунандагони кӯрдиле, ки на дар ҷаҳон осори Худоро мебинанд ва на суханҳои фиристодагони Худоро ба гӯши дил мешунаванд, Худованд дар ин оят шарҳи ҳоли муъминонро чунин баён кардааст, ки бе гумон барои касоне, ки имон оварданд, ба Худо ва пайғамбарон ва ба рӯзи охират бовар карданд ва корҳои шоистаеро, ки ба иҷрои онҳо маъмур буданд, иҷро карданд, дар охират боғҳои пурнозу неъмат, ки аз ҳаргуна лаззатҳои шодибахш, чи хӯрданӣ бошад, ва чи пӯшиданӣ ва чи ошомиданӣ ва ғайра муҳайё аст. Аз онҳо баҳраманд хоҳанд шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «