Тафсири Сураи Марям Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 72
ثُمَّ نُنَجِّي الَّذِينَ اتَّقَوْا وَنَذَرُ الظَّالِمِينَ فِيهَا جِثِيًّا ٧٢
Сумма нунаҷҷи-л-лазӣна-т-тақа-в ва назару-з-золимӣна фӣҳа ҷисиййа. 72.
72. Сипас, муттақиёнро бираҳонем ва он ҷо золимонро ба зону дарафтода бигзорем.
Маънои ояти мазкур тақрибан дар эзоҳи оятҳои қаблӣ гузашт. Худованд дар ояти мазкур мефармояд, ки касонеро, ки дар дунё парҳезкорӣ пеша кардаанд, аз куфру аз нофармонӣ ба амрҳои Худованд худро нигоҳ доштаанд, аз оташи Дӯзах наҷот медиҳем. Пас, чун мардум ҳамагӣ ба пули сирот қадам гузоранд, Худованд касонеро, ки аз гуноҳ парҳез кардаанд ва амрҳои Худовандро иҷро кардаанд, ба василаи имон ва амалҳои солеҳашон аз пули сирот саломат мегузаранд. Аммо золимон (кофирон ва гунаҳкорон) аз пули сирот ба Дӯзах меафтанд ва дар он боқӣ мемонанд, дар ҳоле ки бо зонуҳояшон афтодаанд ва тавоноии берун шудан аз онро надоранд.
Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат ин аст, ки муъмини содиркунандаи гуноҳи кабира мумкин аст ба қадри гуноҳони хеш дар Дӯзах азоб шавад, сипас ба таври қатъӣ аз он наҷот меёбад, аммо кофирон абадӣ дар Дӯзах мемонанд. Валлоҳу аълам. Барои маълумоти бештар ба оятҳое, ки шабеҳи ояти мазкуранд, ба хусус ба ояти 98-уми сураи «Анбиё» муроҷиъат шавад. Аллоҳумма ахриҷно мина-н-нори солимо ва адхилнал ҷанната ғонимо. Касоне, ки ба Ҷаҳаннам маҳкум мешаванд, онҳо дар дунё чӣ кор мекарданд? Ояти зер посухи ин савол аст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «