Сураи Марям Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 73

وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ قَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا أَيُّ الْفَرِيقَيْنِ خَيْرٌ مَقَامًا وَأَحْسَنُ نَدِيًّا ٧٣

Ва иза тутла ъалайҳим айатуна баййинатин қола-л-лазӣна кафару ли-л-лазӣна оману айю-л-фарӣқайни хайру-м мақома-в ва аҳсану надиййа. 73.

73. Ва чун оятҳои возеҳи Моро бар онҳо хонда шавад, кофирон ба мусалмонон гӯянд: «Кадом яке аз ин ду гурӯҳ дар мартаба беҳтар ва аз рӯи маҷлис некӯтар аст?».

Дар ин оят гӯшае аз сарнавишти онҳое, ки маҳкум ба Ҷаҳаннам мешаванд, яъне кофирону мушриконе, ки меъёри арзиши инсонро дар дунё ба намуди зоҳирӣ, зару сарват ва мансабу ҷоҳ вобаста медонистанд, баён шудааст. Аз он ҷумла, Назр ибни Ҳорис ва амсоли вай либосҳои қимматбаҳоро мепӯшиданд ва ба гурӯҳи муъминони фақиру тангдаст фахр карда мегуфтанд: «Бинед! Нишонаи шахсияти мо чӣ қадар асту ва фақру ин маҳрумии шумо чӣ қадар! Ин худ далел аст, ки кори мо ҳақ ва кори шумо ботил аст». Чун муъминон барои ҳидояти онҳо, оятҳои Қуръонро, ки маънои онҳо ошкоро маълум аст, тиловат мекарданд, он кофирҳо ба ҷое, ки имон оранд, ба мубориза бархоста, барои муъминон бо далелҳои нодуруст мегуфтанд, ки бинед шумо ҳеҷ чиз надоред, на молу сарват дореду на хонаву дари дуруст, на шахсони ҳамнишину ҳамсуҳбати казоие дореду на айшу ишрате! Моро бинед, ҳама сомони зиндагиро бо таври фаровон соҳибем. Худатон гӯед, кадом яке аз ин ду гурӯҳ, дар мартаба беҳтаранд яъне мо ҷойгоҳу мартабаи беҳтар дорем ё шумо? Маҷлису маросимҳои мо бодабдабааст ё аз шумо? Мо айшу ишрат ва маъишати хуб дорем, ё шумо? Хулоса, ҷоҳилон бо гумони худ қадри инсонро ингуна бо бархурдор шудани неъматҳои дунё қиёс карда, муъминонро масхара мекарданд, ки сабаби ба Ҷаҳаннам маҳкумӣ шуданашон гардид. Валлоҳу аълам. Дар посух Худованди мутаъол, чунин гуфтааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)