Сураи Марям Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 82

كَلَّا ۚ سَيَكْفُرُونَ بِعِبَادَتِهِمْ وَيَكُونُونَ عَلَيْهِمْ ضِدًّا ٨٢

Калла. Саякфуруна би ъибадатиҳим ва якунуна ъалайҳим Зидда. 82.

82. На чунин аст! Парастиши обидони худро мункир хоҳанд шуд ва бар онҳо ситезанда хоҳанд шуд.

Мушрикон барои афзудани обрӯи худ бутҳоро парастиданд, оё он бутҳо аз парастандагони худ розиянд? Худованд, дар ин оят аз аҳволи бутҳо ва бутпарастҳо хабар додааст, ки ба зудӣ (рӯзи растохез) маъбуд (бут)-ҳо аз ибодати парастандагони худ мункир мешаванд ва аз онҳо безорӣ меҷӯянд. Балки бар зидди онҳо сухан мегӯянду душмани онҳо мешаванд. Рӯзи қиёмат, вақте ки Худованд бутҳоро ба сухан медарорад, онҳо мегӯянд, ки мо ҳаргиз ба онҳо нагуфтаем, ки моро парастиш кунанд. Хулоса, худро сафед карда, бар зидди бутпарастҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳамчунин дар ояти 6-уми сураи «Аҳқоф», Худованд фармудааст, ки ҳангоме ки мардум маҳшур мешаванд, ин маъбуд (бут)-ҳо душманони парастишгарон худ хоҳанд буд. Барои маълумоти бештар ба ояти 14-уми сураи «Фотир» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)