Сураи Марям Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 83

أَلَمْ تَرَ أَنَّا أَرْسَلْنَا الشَّيَاطِينَ عَلَى الْكَافِرِينَ تَؤُزُّهُمْ أَزًّا ٨٣

Алам тара анна арсална-ш-шайатӣна ъала-л-кафирӣна тауззуҳум азза. 83.

83. Оё надидӣ ки Мо шайтонҳоро бар кофирон мефиристем, онҳоро бо ҷунбонидане меҷунбониданд?

Парастидани бутҳо, барои бутпарастон на ин, ки мояи иззату обрӯяшон дар ин дунё нашуд, балки мояи бадбахтии онҳо дар охират ҳам мешавад. Худованд дар ин оят ба Пайғамбари Худ (с) хабар додааст, ки оё надидаӣ, Мо шайтонҳоро бар кофирон чӣ гуна гумошта кардаем? Бо тарзҳои гуногун онҳоро барои иҷрои амалҳои гуноҳ ва разил васваса ва тарғиб намуда ба ҳаяҷон меоранд. Амалҳои бадро дар назарашон ҷилва медиҳанд ва онҳоро ба иҷрои корҳои қабеҳу гуноҳ дар ҳаракат меандозанд. Бинобар маънои ояти 10-уми сураи «Наҳл» бояд дар назар дошт, ки шайтон ҳеҷ инсонро барои иҷрои амалҳои бад маҷбур ва водор намекунад, вай ингуна қобилият надорад. Шайтон танҳо васваса ва тарғиб мекунад. Ин инсон аст, ки бо тарғиби шайтон гӯё чун ғуломи ҳалқабаргӯш бо ихтиёри худ амалҳои бадро иҷро мекунад. Аз барои ҳамин:


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)