Сураи Марям Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 84

فَلَا تَعْجَلْ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّمَا نَعُدُّ لَهُمْ عَدًّا ٨٤

Фа ла таъҷал ъалайҳим иннама наъудду лаҳум ъадда. 84.

84. Пас, бар онҳо шитоб макун! Ҷуз ин нест, ки Мо (амали) онҳоро дақиқан шумор хоҳем кард.

Сипас, рӯи суханро Худованд ба Пайғамбари худ (с) гардонида гуфтааст, ки дар дуъоҳои худ аз Мо бошитоб ҳалок шудани онҳоро талаб накун, барои онҳо рӯзҳои бошумор мондааст. Мо тамоми амалҳои онҳоро, дақиқан мешуморем. Рӯзе, ки даргоҳи адли илоҳӣ барпо мешавад, мебинанд, ки ҳама амалҳо ва суханҳои ношоиста ва гуноҳҳои онҳо дар девони аъмолашон сабт шудаасту дигар ба қафо баргаштан нест. Оре! Кирдори мушрикон ба рафтори чаҳорпоён монанд аст. Ҳангоме ки чаҳорпоёнро ба қассобхона меронанд, намефаҳманд, ки онҳоро ба куҷо ронда истодаанду ба куҷо мераванд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)