Сураи Моъун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Моъун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Моъун Ояти 5

الَّذِيْنَ هُمْ عَنْ صَلَاتِهِمْ سَاهُوْنَ ٥

Ал-лазӣна ҳум ъан салатиҳим саҳун. 5.

5. Он гуна намозгузороне, ки аз намозҳои худ дар ғафлатанд,

Дар тафсири маънои ин оят якчанд ривоят ба чашм мерасад. Мо хулосаи асосии онҳоро баён мекунем.

Худованд фармудааст, ки вой бар намозгузороне, ки аз намозҳои худ дар ғафлатанд. Онҳое намедонанд, ки ҳангоми намоз бо кӣ дар муноҷотанд ва мақсад аз намоз чист? То чӣ андоза ба он аҳмият бояд дод? Чӣ гуна намоз аст, ки гоҳе бар пой доранд ва гоҳе надоранд? Чӣ гуна намоз аст, ки ахлоқи онҳоро ислоҳ ва ё дуруст намекунад? Чӣ гуна намозгузоранд, ки ба ятим дуруштӣ мекунанд? Ба қиёмат бовар надоранд. Намозро дар вақташ намегузоранд, дар корҳои дунё машғул шуда, намозро фаромӯш мекунанд, агар намозро барпо доранд, чунон бошитоб бошанд, ки гӯё мурғе аз Замин дона мечинад. Онҳо огоҳ нестанд, ки дар боргоҳи илоҳӣ бо чӣ сурате ҳозир мешаванд. Худованди мутаъол, ҳамчуноне ки нишасту бархост, хамидану ба по истодани моро мушоҳида мекунад, бар дилҳои мо низ назар мекунад ва медонад, ки дилҳои мо то чи андоза ба ихлос ва хушӯъ рангин аст.

Алҳамдулиллоҳ, ки Худованд “Ҳум ъан салотиҳим” (яъне аз намозҳояшон) гуфтааст, агар “Ҳум фӣ салотиҳим” (яъне дар намозҳояшон) мегуфт тамоми муъминонро дар бар мегирифт, ки мӯъминон ҳам гоҳ-гоҳ дар намозҳояшон саҳв мекунанд. Фарқ байни саҳви муъмин ва саҳви мунофиқ маълум аст. Cаҳви мунофиқ тарки намоз ва камилтифотӣ дар намоз аст ва ӯ ба кори дунё машғул шуда, намозро фаромӯш мекунад. Аммо муъмини комил дар ҳоли саҳв кардан дар намоз саҷдаи саҳв намуда, ҷуброни намози худро ба ҷо меоварад.

Акнун як бор тасаввур кунед, агар шахсони намозгузоре, ки дар намозҳояшон беаҳмиятӣ мекунанд, ба азоби “Вайл” гирифтор шаванд, пас, аҳволи шахсоне, ки худро мусулмон мешуморанду намоз намегузоранд, чӣ мешуда бошад? Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Моъун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Моъун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моъун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)