Сураи Моъун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Моъун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Моъун Ояти 6

الَّذِيْنَ هُمْ يُرَاۤءُوْنَ ٦

Ал-лазӣна ҳум юроун. 6.

6. Онҳое, ки (дар амалҳояшон) риё мекунанд.

Ҳар амале, ки мақсад аз иҷрои он талаби розигии Худои таъоло набошад, риё ном дорад. Ба Худои таъоло шарик нисбат доданро ширки акбар (бузург) меноманд. Шахсе, ки ба Худои таъоло шарикро лоиқ медонад, кофир (бе дин) буда, мушрик ном дорад. Риё чунон гуноҳи бузург аст, ки онро ширки асғар (майда) меноманд.

Худованди таъоло дар ин оят яке аз сифатҳои бади шахси мунофиқро баён кардааст. Он сифат риёкорӣ аст. Мунофиқ (риёкор) намозро барои дидани мардум, барои таърифу тавсифи мардум мехонад. Назди мардум намозро бо тамкин ва дароз мехонад. Садақа ва дигар амалҳои некро барои шӯҳрат, ёфтан байни мардум мекунад. Хулоса, тамоми корҳое, ки ба анҷом мерасонад, барои ризои Худоро ба даст овардан не, балки барои шуҳрат ва обрӯ пайдо кардан дар байни халқ мебошад.

Ин амалҳои омехта бо риё ҳеҷ фоидае надоранд, зеро риё савоби тамоми амалҳои солеҳро (мисли намоз, рӯза, закот, ҳаҷҷ ва ғайра) барбод медиҳад. Бародарон ва хоҳарони меҳрубон, мухлисони каломи илоҳӣ, даст аз риё ва худнамоӣ бардоред, то ки бандагони хоси илоҳӣ гардед ва моён низ инчунин.

Калиди дари Дӯзах аст он намоз

Ки дар назди мардум гузорӣ дароз.

(Саъдӣ)


Рӯйхати оятҳои Сураи Моъун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Моъун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моъун Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)