Сураи Моъун – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Моъун – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Моъун 107-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 7 оят иборат аст.

Ин сураи муборака аз аҳволи вазнине, ки инсонҳои бадкор дар охират рӯбаӯ мешаванд хабар медиҳад. Зеро онҳо ба гурӯҳҳои зерин дохиланд:

а) Инсонҳое, ки неъматҳои Парвардигорро нодида мегиранд;

б) Инсонҳое, ки қиёмат, ҳисобу китоб, Ҷаннату Дӯзах ва дигар хабарҳоро дар бораи охират дурӯғ ва иҷронашаванда мешуморанд;

в) Инсонҳое, ки на худашон ба мискинҳо (камбағалон) ва муҳтоҷон ёрӣ ва таъом медиҳанд ва на дигаронро ба ин амалҳо тарғиб мекунанд;

г) Инсонҳое, ки ятимонро кумак намекунанд, бо суханҳои сахту дурушт онҳоро хор медоранд;

д) Инсонҳое, ки мунофиқанд, намозҳои худро дар вақташ нахонда сустӣ мекунанд, агар хонанд на барои ризои Аллоҳ, балки бо риё ба хотири дидан ё гуфтани мардум мехонанд. Дар танҳоӣ намоз ҳатто ба хотирашон намерасад;

е) Инсонҳое, ки моъун (асбоб)-и оддии рӯзгорро ба ҳамсоягон барои истифодаи муваққатӣ намедиҳанд Ин буд муқаддимаи мухтасари сураи муборакаи “Моъун”.


Рӯйхати оятҳои Сураи Моъун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қурайш Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моъун Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)