Тафсири Сураи Муддассир – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир 74-ум сураи Қуръон буда, он дар Макка нозил шуда аз 56 оят иборат аст.
Сабаби нузули ин сураи каримаро Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва дигар ровиён чунин ривоят кардаанд: “Ҳангоме ки мушрикини қабилаҳои Қурайш бо ҳам омада маслиҳату машварат оростанд, ки Пайғамбар (с)-ро аз даъвати инсонҳо ба сӯйи динаш манъ месозанд, Расули Аллоҳ (с) аз ин дар ғаму ғусса афтода, худро бо либосҳояш печонида, дар сурати хоб худро орост. Он замон ҳазрати Ҷабраил (а) омада бори дигар ба ӯ (с) гуфт: “ё аюҳал муддассир” яъне “эй марди ҷома бар худ печида” гӯё ба ӯ гуфт, ки бархез омодаи қабули ваҳйи илоҳӣ шав!
Тавре пайи бурда мешавад ин сураи карима баъзе паҳлуҳои шахсияти мубораки Он ҳазрат (с)-ро рӯшан месозад. Бори дигар Аллоҳтаъоло таъкидан ба Ҳабибаш мефармояд, ки мардумро ба сӯйи Худои ягона бихонад. Дар муқобили ихтилоф, изо, таҳқир, маломат ва дигар муносибатҳои зишти онҳо сабру таҳаммул кунад ва бо ҷиддият онҳоро аз азоби омаданӣ ҳушдор дода онҳоро битарсонад. Он азоберо, ки дар рӯзи қиёмат барои онҳо Худованди бар ҳама қодиру тавоно муқаррар кардааст ба онҳо бифаҳмонад.
Ҳамчунин дар ин сура ба Валид ибни Муғира, ки каломи раббонӣ будани Қуръонро ба яқин донисту вале ба хотири обрӯй ва мансаби хеш ба роҳи нодуруст рафта гумроҳ шуд, ишора меравад. Баъдан сухани Аллоҳтаъоло сари аҳволи Дӯзах, посбони пурқуввати он ва фариштаҳои азобдиҳанда бо ишораи адади онҳо меравад. Макони даҳшатовар будани ҷаҳаннамро Аллоҳтаъоло бо савганд хӯрдан ба Маҳтобу субҳ таъкид месозад…
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «