Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 20
وَيَقُوۡلُ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَوۡلَا نُزِّلَتۡ سُوۡرَةٌ ۚ فَاِذَاۤ اُنۡزِلَتۡ سُوۡرَةٌ مُّحۡكَمَةٌ وَّذُكِرَ فِيۡهَا الۡقِتَالُۙ رَاَيۡتَ الَّذِيۡنَ فِىۡ قُلُوۡبِهِمۡ مَّرَضٌ يَّنۡظُرُوۡنَ اِلَيۡكَ نَظَرَ الۡمَغۡشِىِّ عَلَيۡهِ مِنَ الۡمَوۡتِؕ فَاَوۡلٰى لَهُمۡۚ ٢٠
Ва яқулу-л-лазӣна аману лав ла нуззилат сураҳ. Фа иза унзилат сурату-м муҳкамату-в ва зукира фӣҳа-л-қиталу раайта-л-лазӣна фӣ қулубиҳим-м мараЗу-а янзуруна илайка назара-л-мағшиййи ъалайҳи мина-л-мавт. Фа авла лаҳум. 20.
20. Ва ононе ки имон овардаанд, мегӯянд: «Чаро (барои набард) сурае фиристода нашуд?». Пас, чун сурае, санҷида ва ғайри мансух фиристода шавад ва дар он талаби набард зикр карда шавад, ононеро, ки дар дилҳояшон мараз (нифоқ) аст, мебинӣ, ки ба суйи ту назар месозанд, мисли назари шахсе (ки) бар вай аз сабаби тарс (сакарот)-и марг беҳушӣ пайдо шудааст, пас, вой бар ҳоли онҳо!
Аллоҳ таъоло хабар додааст, ки муъминони мухлис аз рӯйи шавқ ва баъзе муъминон бошанд, аз рӯйи савоб ё мақсадҳои гуногун, баъзе дигар бошанд, чун аз ҷабру ситам додани кофирон ба танг омада буданд, аз рӯйи шитоб орзу карданд, ки агар Аллоҳ таъоло ҳукми ҷиҳодро фиристад, мо ба қадри тоқати худ дар он ҷаҳд кӯшиш мекардем. Пас ҳар гоҳе Ӯ таъоло ояти ба ҷиҳод ҳукмкунандаро, ки он ҳукм ҳукми муҳкаму санҷидашудаву зоҳир, ки ҳаргиз мансух (бекор) намешавад, нозил кард, парда аз рӯйи мунофиқон, ки дар дилҳояшон марази нифоқ доштанд, бардошта шуд. Аҳволи онон тағйир ёфт. Шахсоне, ки имонашон комил набуд ва дар дил шакку шубҳа доштанд, аз ин амри Парвардигор дар таҳлука афтоданд. Гӯё ба мусибате гирифтор шуданд. Аз ҷиҳод ва аз ҷон фидо намудан бағоят сахт тарсиданд, гӯё хабари маргашон омада бошад. Дар асл барои онҳо бо қалби пок, нияти соф ва сухани нек итоъати амри Аллоҳ таъоло лозим буд. Ба ибораи дигар, вақто ки фиристодаи Аллоҳ (с) ваҳйи илоҳиро, яъне ояти ҷиҳодро ба онҳо гӯшрас менамуд, мунофиқон чун нафаре, ки дар ҳолати баромадани ҷон қарор дорад ва ҳуши ӯ дар ҷояш нест, бо чашмони аз косаи сар қариб беруномада, бо дили нохоҳаму пурҳарос ба Расулуллоҳ (с) назар дӯхтанд. Вой бар ҳоли чунин касоне, ки худ талаб мекунанд ва чун талабашон иҷобат шавад, пушаймон гардида, аз он канораҷӯӣ мекунанд.
Танбеҳ: Дар кадом ояте, ки зикри ҷиҳод бошад, он аз тарафи Аллоҳ таъоло ба шакли муҳкам (яъне возеҳ, ба гунае ки дар он маънои дигар вуҷуд надорад) нозил шудааст. Яъне мансух (бекор) шуданро қабул надорад. Бинобар ин, сахттарин ҷойи Қуръон барои мунофиқон ҳамин оятҳои ҷиҳод ҳисоб меёбанд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «