Сураи Мунофиқун Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мунофиқун Ояти 10

وَاَنۡفِقُوۡا مِنۡ مَّا رَزَقۡنٰكُمۡ مِّنۡ قَبۡلِ اَنۡ يَّاۡتِىَ اَحَدَكُمُ الۡمَوۡتُ فَيَقُوۡلَ رَبِّ لَوۡلَاۤ اَخَّرۡتَنِىۡۤ اِلٰٓى اَجَلٍ قَرِيۡبٍۙ فَاَصَّدَّقَ وَاَكُنۡ مِّنَ الصّٰلِحِيۡنَ ١٠

Ва анфиқу мимма разақнакум-м мин қабли ан яътия аҳадакуму-л мавту фа яқула Рабби лав ла аххартани ила аҷалин қарӣбин фа ассаддақа ва аку-м мина-с салиҳӣн. 10.

10. Ва аз он чӣ шуморо ризқу рӯзӣ ато кардаем, пеш аз он ки яке аз шуморо марг биёяд, (харҷ кунед) Пас бигӯед: «Эй Парвардигори ман, чаро то муддати андак маро муҳлат надодӣ, то садақа мекардам ва аз ҷумлаи некӯкорон мешудам».

Шояд ин оят ҷавобест ба он мунофиқоне, ки даъвои онҳо дар ояти 7-ум зикр гардидааст. Ба ҳар тақдир Аллоҳтаъоло бо таври умум фармудааст, ки пеш аз он, ки марги шумо фаро расад, аз он чи Худованд шуморо ризқу рӯзӣ ато кардааст, барои ризои Худо хайру саховат кунед. Дар ин кори хайр шитоб ҳам бояд кард. Зеро инсон, ҳангоме ки сиҳату саломат ва соҳиби молу ашё аст, ками дар кам дар фикри хайру садақа мегардад. Чун ба пирӣ мерасад, ё ба бистари марг меафтад ва омадани маргро ногузир медонад, пас дар андешаи он меравад, ки дар умри худ чӣ кори некеро анҷом додааст. Чи хайру саховате дар роҳи ризои Худо кардааст? Пас, рӯ ба Худо меораду мегӯяд: “Ай Парвардигори ман, чаро ба ман муҳлат надодӣ, то барои ризои Ту аз моли худ хайр кунам, ё чаро ба ман муҳлати кам додӣ?”.

Бале, ҳар соҳиб нафас дар дами марг аз амалҳои зишти худ ёд мекунаду афсӯс мехӯрад. Худро надомат мекунад ва мушти ҳасрат бар сар мезанад, ки чаро, ҳангоме ки имкон ва тавоноӣ доштӣ, барои ризои Аллоҳтаъоло хайру саховат накардӣ, амалҳои некро анҷом надоди? Вале ҳайҳот! Аз ин ҳасрату надомат дигар ӯро, ҳеҷ суде нест зеро умри ӯ ба охир расидааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мунофиқун Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мунофиқун Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)