Сураи Наҳл Ояти 117 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 117 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 117

مَتَاعٌ قَلِيلٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١١٧

Матаъун қалӣлу-в ва лаҳум ъазабун алӣм. 117.

117. Онҳоро баҳрамандии андак аст ва онҳоро азоби дарднок насиб бошад.

Касоне, ки бе ягон санад барои баҳра бурдан аз дунё чизеро ҳалол, ё ҳаром мегӯянд, чуноне ки ояти мазкур хабар медиҳад, ҳеҷ гоҳ некбахту растагори дунё ва охират намешаванд. Онҳо касоне ҳастанд, ки бар асоси ҳавои нафс нисбати Аллоҳтаъоло дурӯғҳо гуфтаанду мегӯянд, суде (фоидае) ба даст меоранд. Локин фоидаи ба даст овардаашон, бигзор боигарии ҳамаи дунё бошад, чизи андак аст. Барои ба даст овардани матоъи андак азоби дарднок дар интизори онҳост. Оре! Ояти мазкур далолат бар он мекунад, ки бино бар асоси ҳавои нафс ҳалолро ҳаром ё ҳаромро ҳалол гуфтан куфр аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 116 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)