Тафсири Сураи Нахл Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 118
وَعَلَى الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا مَا قَصَصْنَا عَلَيْكَ مِنْ قَبْلُ ۖ وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ ١١٨
Ва ъала-л-лазӣна ҳаду ҳаррамна ма қасасна ъалайка мин қаблу ва ма заламнаҳум ва лакин кану анфусаҳум язлимун. 118.
118. Ва бар ононе ки яҳудӣ шуданд он чиро, ки бар ту пеш аз ин (дар сураи «Анъом») баён кардем, ҳаром карда будем. Ва Мо бар онҳо ситам накардем, валекин онҳо бар ҷони худ ситам мекарданд.
Дар қисми аввали ояти 146-уми сураи «Анъом» омадааст: «Ва бар касоне, ки яҳудиянд, ҳар ҷонвари нохундорро ҳаром карда будем. Ва аз гов ва гӯсфанд чарбуи ин ду қисмро бар онҳо ҳаром карда будем, магар он чарбуе ки пуштҳои ин ду қисм бардошта аст ё онро рӯдаҳо бардошта аст ё он чӣ ба устухон омехта бошад…». Ин ҳукм дар ивази амалҳои зишти онҳо ҳамчу ҷазо хос барои яҳудиён буд, зеро онҳо бо хоҳиши худ чизеро ҳалол ва чизеро ҳаром гуфта буданд. Бояд мусалмонон он сахтиро бо ин осонӣ муқоиса кунанд ва шукргузори неъматҳои фаровони Парвардигор бошанд. Дар поёни ояти мазкур Худованд изофа кардааст, ки мо бо ҷорӣ кардани чунин ҳукм бар яҳудиён зулм накардаем. Онҳоянд, ки аз ҳад гузаштанд, амри Худовандро ба ҷой наоварданд, даст ба хурофоту бидъаткорӣ зада мардумро аз роҳи Худо боз доштанд, рибохурӣ карданд, бо ҳар роҳ молҳои мардумро мегирифтанд.
Хулоса, корҳое мекарданд, ки ба ҳеҷ китоби осмонӣ рост намеомад. Бо иҷрои чунин амалҳо гунаҳгор шуданду бар нафсҳои худ зулм карданд. Сабабҳои ҳаром ҳукм гирифтани баъзе чизҳоро барои худ фароҳам карданд.
Барои фаҳми бештар ба эзоҳи оятҳои 160-161-уми сураи «Нисо» муроҷиат шавад. Пас, касоне, ки баъди яҳудиҳои номбурда ба дунё омаданд, бояд хатоҳои онҳоро такрор накунанд. Дар акси ҳол мисли яҳудиҳо гирифтори ҷазо шуданашон мумкин. Зеро инсон, чуноне ки дар ояти зер ишора шудааст, бояд барои роҳи дурустро ёфтан дар ҳаракат бошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «