Сураи Наҳл Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 122

وَآتَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً ۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ ١٢٢

Ва атайнаҳу фи-д-дунйа ҳасаната-в ва иннаҳу фи-л-ахирати ламина-с салиҳӣн. 122.

122. Ва ӯро дар дунё некӯӣ додем. Ва ҳаройина, Ӯ дар охират аз некӯкорон аст.

Аз мазмуни ин се оят маълум мешавад, ки некбахтии дунё ва охират насиби ҳазрати Иброҳим (а) аст. Аз он ҷумла, Худованд дар ин оят фармудааст, ки ба туфайли шукргузорӣ ва дигар сифатҳои хубе, ки дошт, Мо ба ӯ (а) дар дунё ҳасана (некӯӣ) додем. Калимаи ҳасана назди муфассирон маънои васеъ дошта, ба маънои пайғамбарӣ, хислати нек, фарзандони солеҳ ва ғайра истифода мешавад.

Ибни Касир дар тафсири ин оят мегӯяд: «Яъне, барои Иброҳим (а) хайр (неки)-ҳои дунёро аз тамоми ончӣ, ки шахси муъмин барои ба камол расонидани зиндагии покизааш ба он ниёзманд (эҳтиёҷманд) аст, гирд овардем».

Дар давоми оят Худованд гуфтааст, ки дар охират, албатта, ӯ (а) аз ҷумлаи шахсони солеҳ аст. Худованд ӯ (а)-ро дар ин се оят бо нуҳ сифат ситоиш кард. Ҳеҷ шаке нест, ки ӯ (а), чуноне ки дар ояти зер ишора шудааст, барои пайғамбари охируззамон ҳазрати Муҳаммад (с) низ муқтадо (пешво дар ҳама кор) бошад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 121 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 123 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)