Тафсири Сураи Нахл Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 127
وَاصْبِرْ وَمَا صَبْرُكَ إِلَّا بِاللَّهِ ۚ وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَلَا تَكُ فِي ضَيْقٍ مِمَّا يَمْكُرُونَ ١٢٧
Васбир ва ма сабрука илла биллаҳ. Ва ла таҳзан ъалайҳим ва ла таку фӣ Зайқи-м мим ма ямкурун. 127.
127. Ва сабр кун! Ва нест сабри ту, магар ба тавфиқи Худо. Ва бар онҳо андӯҳ махӯр ва аз он ки бадандешӣ мекунанд, дар тангдилӣ мабош.
Афву гузашт ва сабр дар сурате таъсир мегузорад, ки бидуни чашмдошт аз чизе, фақат ба хотири Худо бошад. Аз ин рӯ, ояти мазкур фармудааст, ки эй Муҳаммад! Дар баробари озоре, ки аз мушрикон ба ту мерасад, босабр бош. Оре! Маълум аст, ки агар мадади Худо набошад, дар баробари ҳар гуна озор сабр кардан кори осон нест. Касе сабр карда метавонад, ки тавфиқи Худованд ёри ӯ бошад. Агар Худованд сабр диҳад, дар баробари ҳаргуна озор инсон сабр карда метавонад.
Бо ибораи дигар, оё инсон метавонад дар баробари озорҳои ҷонсӯз, ки аз тарафи мухолиф мерасад ва тамоми вуҷуди инсонро гӯё ба оташ мекашад, бе ёрии Худованд сабр кунаду барномаи худро идома диҳад? Оё ин ҳама нороҳатиро метавонад дар худ пазираду шикебоиро аз даст надиҳад? Танҳо ва танҳо дар сурате метавонад, ки нияташ холис барои Худо бошад ва тавфиқи Худо ёраш бошад. Давоми оят изофа мекунад, ки аз саркашӣ ва имон наовардани кофирон андӯҳгин машав ва аз гуфтаҳои беақлона, нодонӣ, ҳила ва найранги онҳо дилтанг машав, зеро такягоҳи ту Худост. Бо ёрии Худованд ҳамаи онҳо аз байн мераванд. Дар навбати худ мушрикон худро эмин наҳисобанд. Фардо рӯзи қиёмат ҳамаи онҳо назди Худованд ҳозир мегарданд ва ҳама макрҳояшон бало ва дарди сарашон хоҳад шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «