Тафсири Сураи Нахл Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 81
وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمْ مِمَّا خَلَقَ ظِلَالًا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنَ الْجِبَالِ أَكْنَانًا وَجَعَلَ لَكُمْ سَرَابِيلَ تَقِيكُمُ الْحَرَّ وَسَرَابِيلَ تَقِيكُمْ بَأْسَكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْلِمُونَ ٨١
Валлоҳу ҷаъала лакум-м мим ма халақа зилала-в ва ҷаъала лакум-м мина-л-ҷибали акнана-в ва ҷаъала лакум сарабӣла тақӣкуму-л-ҳарра ва сарабӣла тақӣкум баъсакум. Казалика ютимму ниъматаҳу ъалайкум лаъаллакум туслимун. 81.
81. Ва Худо барои шумо аз он чӣ биёфарид, сояҳо пайдо сохт ва барои шумо аз кӯҳҳо ғорҳо пайдо кард ва барои шумо пероҳанҳо сохт, ки шуморо аз гармӣ нигоҳ дорад ва ҷомаҳое ки шуморо аз зарари ҷанг нигоҳ дорад. Ҳамчунин неъмати Худро бар шумо тамом мекунад, то бошад, ки Ислом оред.
Ояти мазкур неъмати дигареро, ки инсон ба он мувофиқи вақту макони зист муҳтоҷ аст, баён намуда гуфта аст, ки Худованд сояҳои ҷизҳои офаридаашро барои шумо манфиаътбахш қарор додааст. Оре! Ба қадри неъмат будани соя касе мерасад, ки дар ҷойҳое, ки дараҷаи ҳарорати ҳаво баланд аст, зиндагонӣ дорад. Маълум аст, ки инсонҳо аз сояи се гурӯҳ чизҳо истифода мекунанд. Баъзе аз инсонҳо дар шаҳру деҳот зиндагонӣ мекунанд, дар мавсими гармо аз хонаҳояшон истифода мебаранд. Гурӯҳи дигаре, ки дар сафаранд, бо худ хайма доранд, аз хаймаҳо баҳра мегиранд. Аммо гурӯҳи савум, ки дар сафаранд ва хайма надоранд аз сояи дарахтон ва ғорҳои кӯҳҳо истифода мебаранд. Агар ҳеҷ чиз набошад, онҳо шабона аз сояи замин истифода мекунанд. Ҳамчунин Худованд аз пӯшишҳо либос, пероҳанро чун неъмати дигаре ба инсон дод, то ин ки бадани худро аз гармо, ё аз сармо ҳифз кунанд. Ба хусус либоси пахтагин, ки бисёр муфид аст. Ҳамчунин Худованд барои инсон пероҳанҳои махсуси зиреҳин ҳидоят фармуд, ки дар ҳангоми ҷанг бадани инсонро аз захми найзаву шамшеру тир ҳимоя мекунанд. Пас, барои ҳар инсон лозим аст, ки ба неъматдиҳанда имон ораду шукронаи Ӯро кунад.
Хулоса, Худованд ингуна неъматҳои Худро барои шумо додаасту медиҳад, то шояд дар баробари фармони Ӯ сари таслим фуруд оред ва барои фоидаи худ мусалмон шавед.
Дар ояти зер Худованд Пайғамбари Худ (с)-ро хитоб намуда чунин гуфтааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «