Тафсири Сураи Намл Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 55
اَٮِٕنَّكُمۡ لَـتَاۡتُوۡنَ الرِّجَالَ شَهۡوَةً مِّنۡ دُوۡنِ النِّسَآءِؕ بَلۡ اَنۡـتُمۡ قَوۡمٌ تَجۡهَلُوۡنَ ٥٥
А-иннакум ла таътуна-р-риҷала шаҳвата-м мин дуни-н-нисаъ. Бал антум қавмун таҷҳалун. 55.
55. Оё шумо дармеойед бо мардон ба иродаи шаҳват ба ҷои занон? Балки шумо қавми нодонед?».
Достони дигаре, ки дар ин сура дарҷ гардидааст, қиссаи Лут (а) аст. Саргузашти ин пайғамбари бузурги Илоҳӣ дар сураи «Ҳиҷр», «Ҳуд», «Шуъаро» ва дар сураи «Аъроф» бо таври муфассал гузаштааст. Ҳоло бо услуби ин сура ишорае ба зиндагии Лут (а) шуда Худованд фармудааст, ки Мо Лут (а)-ро барои ҳидояти мардуми шаҳри Саддум фиристодем. Ӯ (а) ба он қавм гуфт, ки оё шумо дидаву дониста кореро анҷом медиҳед, ки бисёр қубҳу шармовар аст? Оё шумо барои шаҳватронии худ дар ивази занҳо ба суроғи мардҳо меравед? Агар шумо аз чунин кори фаҳшу шармгин даст накашед, бисёр қавми ҷоҳилу нодон ҳастед, ки гуноҳи бузург будани онро намедонед! Чаро шумо ҳадаф аз халқи марду занро намефаҳмед? Чаро хеле нангин будани он гуноҳро дарк намекунед?.
Барои маълумиоти бештар ба сураҳои номбурда муроҷиъат шавад. То ин ки ҷавобро аз виҷдони худ бишнаванду таъсир бардоранд. Ҷумлаи охири ояти мазкур дар шакли саволӣ омад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «