Сураи Намл Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 90

وَمَنۡ جَآءَ بِالسَّيِّئَةِ فَكُبَّتۡ وُجُوۡهُهُمۡ فِى النَّارِؕ هَلۡ تُجۡزَوۡنَ اِلَّا مَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ ٩٠

Ва ман ҷаа би-с-саййиати фа куббат вуҷуҳуҳум фи-н-нари ҳал туҷзавна илла ма кунтум таъмалун. 90.

90. Ва ҳар касе бадӣ биёрад, чеҳраи онҳо дар оташ нагунсор карда шавад. Магар ба ғайри он чӣ кардаед, ҷазо дода мешавед?

Ояти мазкур аз ҳоли касоне хабар додааст, ки амалҳояшон акси корҳои шахсони дар ояти қаблӣ гузаштааст. Яъне Худованд дар ин оят фармудааст, ки касоне, ки кори бадеро анҷом доданд (мушрик, кофир шуданд), фардо рӯзи қиёмат нагунсор (бо рӯйҳояшон) ба Дӯзах афганда мешаванд, ки ин бадтарин навъи азоб барои онҳост. Зеро онҳо чун ҳаққро мешуниданд, рӯйи худро гардонида, аз кори гунаҳ истиқбол мекарданд. Акнун бояд бо чунин тарз муҷозот шаванд. Сипас дар ҳолати азоб барои таҳдиду сарзаниш аз онҳо пурсида мешавад, ки оё ин азобе, ки чашида истодаед, аз гуноҳҳоятон зиёдтар аст? Яъне ҷазои онҳо мувофиқи гуноҳҳои онҳост, на зиёду на кам.

Дар ниҳояи сураи мазкур (дар се ояти охир,) Худованд рӯйи суханро ба сӯйи ҳабиби Худ (с) гардонида фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)