Сураи Намл Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 91

اِنَّمَاۤ اُمِرۡتُ اَنۡ اَعۡبُدَ رَبَّ هٰذِهِ الۡبَلۡدَةِ الَّذِىۡ حَرَّمَهَا وَلَهٗ كُلُّ شَىۡءٍ‌ ۖ وَّاُمِرۡتُ اَنۡ اَكُوۡنَ مِنَ الۡمُسۡلِمِيۡنَۙ ٩١

Иннама умирту ан аъбуда Рабба ҳазиҳи-л-балдати-л-лазӣ ҳаррамаҳа ва лаҳу куллу шайъ. Ва умирту ан акуна мина-л-муслимӣн. 91.

91. (Эй Муҳаммад!) бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки маро фармуда шуд, ки Худованди ин шаҳр (Макка)-ро ибодат кунам, Он, ки муҳтарам сохт онро ва ҳар чиз ба тасарруфи Ӯст ва фармуда шуд маро, ки аз мусалмонон бошам.

Худованд дар ин оят Пайғамбари Худ Муҳаммад (с)-ро хитоб намуда гуфтааст, ки барои онҳо (мушрикон) бигӯ, ки ман маъмур шудаам, ки фақат Парвардигори ин шаҳр (Макка)-ро, ки аз рӯзи офариниши Осмону Замин онро ҳарам қарор додаасту ҳама чиз аз они Ӯст, парастиш кунам ва чизеро барои Ӯ шарик қарор надиҳам. Зеро онро макон амн қарор додааст. Дар он хун рехтан мумкин нест, бар касе бояд ситам нашавад, дар он шикори сайд ҷоиз нест, ҳатто хори тари онро буррида ё канда намешавад, гумшудаи онро набояд аз Замин бардошт, магар барои муъаррифӣ, гиёҳи тозаи онро шикастан ё дарав кардан мумкин нест.

Хулоса, ин сарзамин то рӯзи қиёмат ҳарами муҳтарам эълон шуд, ки ин хусусиятҳо ба дигар шаҳрҳо дода нашуд. Дувумин дастуре ки барои ман дода шуд, ин аст, ки ман бояд аз ҷумлаи мусалмононе бошам, ки амрҳои Ӯро бипазирам ва аз ҷумлаи таслимшудагон бошам, ҳамчунин амрҳои Ӯро иҷрокунанда ва аз чизҳои наҳйкардаи Ӯ парҳезкунанда бошам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)