Сураи Нисо Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 125

وَمَنْ أَحْسَنُ دِينًا مِمَّنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ وَاتَّبَعَ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۗ وَاتَّخَذَ اللَّهُ إِبْرَاهِيمَ خَلِيلًا ١٢٥

Ва ман аҳсану дина-м мим ман аслама ваҷҳаҳу лиллоҳи ва ҳува муҳсину-в ва-т-табаъа миллата Иброҳима ҳанифо. Ва-т-тахазаллоҳу Иброҳима халило. 125.

125. Ва кист бо эътибори дин некӯтар аз касе, ки ҷабини худро ба ҳукми Аллоҳ мутеъ сохт, ва ҳол он ки ӯ накӯкор аст ва дини Иброҳимро пайравӣ намудааст, ки холису пок аст? Ва Аллоҳ Иброҳимро дӯсти худ гирифтааст.

Ин намуд тарзи нигориши оятҳоро истифҳомӣ (саволӣ) ё саволи тақрирӣ (муайян кунанда), мегӯянд. Ин ҷо савол саволи тақририст. Яъне ин гуна савол барои чизеро фаҳмидан набуда, балки барои тақриру тасдиқи ҳақиқат будани корест. Ҷабини худро ба Аллоҳ таслим кардан. Яъне мусалмон шудан аст. Тобеъи дини Иброҳим шудан, ин ҳам айни мусалмонист. Назди Аллоҳ рӯю дили худро таслим кардан маънои онро дорад, ки ҳар амал бояд бо имону бо ихлос иҷро шавад. Барои қабул шудани амали солеҳ чӣ миқдор имон лозим бошад, ҳамин миқдор ихлос ҳам лозим аст. Миллат ба маънои дин аст. Худованд Иброҳим (а)-ро дӯсти худ хондааст ва дини ӯ (а)-ро дини Ислом ихтиёр кардааст. Зикри Иброҳим (а) ва дини ӯ барои он аст, ки то мардум бо завқи тамом пайрави дини Ислом дин ба Муҳаммад (с) фиристодаи Аллоҳ шаванд. Шахсоне, ки талоши бартарии динашонро мехоҳанд, ба ин ояти Қуръон таваҷҷуҳ кунанд. Бо ибораи дигар, ояти мазкур ишора ба он дорад, ки Аллоҳтаъоло дини Иброҳим (а)-ро дини Ислом интихоб намуд ва аз ҳаргуна олоишҳо пок гардонид ва ӯ (а)-ро аз ҷиҳати муҳаббату боло бардоштани тоату ибодаташ, халил дӯсти наздиктарини Худ хондааст. Оё дини шахсоне, ки некӯкоранд, ва пайрави дини Иброҳим (а)-анд яъне пайрави Қуръон ва суннати Муҳаммад (с)- анд ва худро бо ихлоси том ба амрҳои Аллоҳтаъоло таслим намуда ва аз он чӣ ки Аллоҳ манъ намудааст, мепарҳезанд, дуруст аст ё дини тағйирдодаву коставу худбофтаи аз амал манъшудаи инсонҳо?


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)