Тафсири Сураи Нисо Ояти 171 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 171
يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَا تَغْلُوا فِي دِينِكُمْ وَلَا تَقُولُوا عَلَى اللَّهِ إِلَّا الْحَقَّ ۚ إِنَّمَا الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ رَسُولُ اللَّهِ وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَىٰ مَرْيَمَ وَرُوحٌ مِنْهُ ۖ فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ ۖ وَلَا تَقُولُوا ثَلَاثَةٌ ۚ انْتَهُوا خَيْرًا لَكُمْ ۚ إِنَّمَا اللَّهُ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ سُبْحَانَهُ أَنْ يَكُونَ لَهُ وَلَدٌ ۘ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَكِيلًا ١٧١
Йа аҳла-л-китоби ло тағлу фи диникум ва ло тақулу ъалаллоҳи илла-л-ҳаққ. Иннама-л-Масиҳу Ъисабну Маряма расулуллоҳи ва калиматуҳу алқоҳа ило Маряма ва руҳу-м минҳ. Фа омину биллоҳи ва русулиҳи ва ло тақулу салосаҳ. Интаҳу хайра-л-лакум. Иннамаллоҳу Илоҳу-в-Воҳид. Субҳонаҳу ан якуна лаҳу валад. Лаҳу мо фи-с самовоти ва мо фи-л-арз. Ва кафо биллоҳи вакило. 171.
171. Эй аҳли Китоб, дар динатон аз ҳад магузаред ва дар шаъни Аллоҳ магӯед, магар сухани рост! Ҷуз ин нест, ки Масеҳ Исо писари Марям, фиристодаи Худо ва калимаи Ӯст, ки ӯро ба сӯйи Марям афганд ва ӯ рӯҳест аз ҷониби Худо. Пас, имон оред ба Аллоҳ ва ба пайғамбарони Ӯ ва магӯед, ки «худоён сеанд!». Ин гуфторро бигзоред, то он чи барои шумо беҳтар аст, онро биёред. Ин аст, ҷуз ин нест, ки Аллоҳ ягона аст. Аз он ки барои Ӯ фарзанд бошад, пок аст. Он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, аз они Ӯст. Ва Аллоҳ аз рӯи корсозӣ кифоякунандааст.
Дар шарҳи мазмуни ояти мазкур Ибни Касир Бо ривояти Имом Аҳамад (р) аз Ҳишом ва дар охир аз Ибни Аббос (р) ва Умар (р) чунин ҳадисро овардааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Дар мадҳу ситоиши ман муболиға макунед! Чуноне ки насоро дар мадҳи Исо ибни Марям (а) муболиға карданд. Ҷуз ин нест, ки ман бандаи Худоям, пас бигӯед: Муҳаммад бандаи Худо ва расули Ӯст.” Яъне ояти мазкур ақидаи насрониҳоро, ки дараҷаи Исо (а)-ро, ки пайғамбарист, то он ҷое баланд бардоштаанд, ки ӯ (а)-ро Худо ё писари Худо гуфтанд, муолиҷа намуда, ба онҳо бо наҳй хитоб намуда мефармояд, ки ай аҳли китоб! Дар он дине, ки барои шумо аз тарафи Аллоҳ муқаррар шудааст, аз ҳадду андоза зиёд таҷовуз накунед! Дар шаъни Аллоҳ ба ҷуз суханҳои ҳаққ, чизи дигаре нагӯед! Зимнан маълум мешавад, ки дар ибтидо дини насрониҳо дар шаъни Аллоҳ ва пайғамбарон ҳеҷ нуқсоне надошта саҳеҳ будааст. Мутаассифона, бо гузашти замон, ақидаи саҳеҳашон чунон рӯ ба харобӣ овардаст, ки насрониҳои баъдомада Исо (а)-ро, ки ӯ (а) махлуқу бандаи Худо ва пайғамбари Ӯст, фарзанди Худо гуфтанд. Боз баъди гузаштани чанд вақте насрониҳои баъдомада гуфтанд: Аллоҳ аз се асл (падар, писар ва рӯҳи муқаддас) иборат аст ва Марям (а)-ро низ то дараҷаи илоҳӣ бардоштанд. Хулоса, насрониҳо дар бораи шинохтани Исо (а) ғулув намуда, бисёр гумроҳ шуданд.
Бинобар ин, он чӣ Қуръони карим дар шаъни Исо (а) фармудааст, он ақида саҳеҳ ва ғайри он ботилу гумроҳист.
Яъне Қуръони Карим дар шаъни Исо (а) мегӯяд: Масеҳ Исо ибни Марям (а) пайғамбару калимаи (сухани) Аллоҳ аст, ки Ҷабраил (а) бо амри Аллоҳ дар гиребони Марям (а) илқо кард (яъне, дамид) ва Аллоҳ “Шав” гуфт, дарҳол Марям (а) ҳомила шуд. Фарқ ин аст, ки ӯ (а) дар батни модар, мисли дигар инсонҳо, на аз (нутфаи) падар, балки бо амри Аллоҳ пайдо шуд, чуноне ки қолаби Одам (а)-ро аз лой сохт ва дар он аз рӯҳи Худ дамид ва Одам (а) пайдо шуд. Исо (а) ҳам рӯҳи Аллоҳ аст. Хабари дигари Қуръон ин аст, ки Исо (а) мисли Иброҳим, Мӯсо, Муҳаммад (с) ва дигар пайғамбарон (а) пайғамбар аст. Ҳақиқат ҳамин аст, на ғайр. Пас, дар ҷумлаи баъдӣ Аллоҳтаъоло бо таври умум мефармояд, ки ба Аллоҳ ва ба ҳама пайғамбарон бе истисно имон оред! Яъне ба Худои ягона ва ба ҷамии пайғамбарони фиристодаи Аллоҳтаъоло, аз он ҷумла ба Исо (а) ва ба Муҳаммад (с) имон оред! Зеро ба ғайри Аллоҳи ягона дигар Илоҳе барҳақ нест. Беҳтар барои шумо он аст, ки Ӯро сето нагӯед, аз се гуфтани Худо ва аз ин гуна эътиқоди нодуруст, даст кашед. Зеро Худоро се гуфтан гумроҳист. Ӯ таъоло аз ин гуна сифатҳо ва аз доштани зану фарзанд пок аст. Ӯ таъоло ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест. Мақсад аз фарзанддорӣ насли худро боқӣ гузоштан аст. Ба фарзанд доштан Аллоҳтаъоло чӣ ҳоҷат дорад, ҳол он ки тамоми ашёи осмонҳо ва Замин аз они Ӯст?! Чӣ хуб аст, ки
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
инсон холис бандаи Ӯ таъоло бошад. Касе худро бандаи Аллоҳ ҳисобад ва зери амри Ӯ ризову таслим шавад, Худованд дар ҳама кор, чӣ дар дунё ва чӣ дар охират,. вакили ӯ ва кифояву басандаву ёвари ӯст.
Дар ояти баъдӣ, Аллоҳтаъоло даъвои беҳуҷҷати насороро рад намуда, мефармояд.