Тафсири Сураи Нисо Ояти 172 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 172
لَنْ يَسْتَنْكِفَ الْمَسِيحُ أَنْ يَكُونَ عَبْدًا لِلَّهِ وَلَا الْمَلَائِكَةُ الْمُقَرَّبُونَ ۚ وَمَنْ يَسْتَنْكِفْ عَنْ عِبَادَتِهِ وَيَسْتَكْبِرْ فَسَيَحْشُرُهُمْ إِلَيْهِ جَمِيعًا ١٧٢
Ла-н ястанкифа-л-Масиҳу ан якуна ъабда-л лиллоҳи ва ла-л-малаикату-л-муқаррабун. Ва ма-н ястанкиф ъан ъибодатиҳи ва ястакбир фа са яҳшуруҳум илайҳи ҷамиъо. 172.
172. Масеҳ аз ин ки бандаи Худо бошад, ҳаргиз нанг (саркашӣ) надорад ва фариштагони муқарраб низ (аз бандагӣ нанг надоранд). Ва шахсе аз бандагии Худо ор кунад ва такаббурӣ кунад, пас, зуд аст, ки Худованд ҳамаи онҳоро ба сӯйи Худ ҷамъ хоҳад кард.
Соҳиби “Сафвату-т-тафосир” сабаби нузули ояти мазкурро чунин мегӯянд: “Гурӯҳе аз масеҳиён (насрониҳо) назди Расулуллоҳ (с) омада арз карданд, ки чаро пешвои моро айб мерасонӣ?” Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Пешвои шумо кист ва ман чӣ айб расонидам?” Онҳо гуфтанд: “Пешвои мо Исо аст ва ту ӯро бандаи Худо ва расули Ӯ мегӯӣ?!” Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ин айб расонидан нест”.
Ҳамоно ояти мазкур нозил шуд ва Аллоҳтаъоло дар он хабар дод, ки Исо (а) ҳаргиз аз бандаи Аллоҳ буданаш нафрат накарда ва ҳеҷ вақт банда будани худро айб нашуморидааст. Ҳатто банда будани худро Исо (а) барои худ иззату эҳтироми Парвардигор дониста, аз он асло безорӣ накардааст, балки хушҳол аст. Фариштагон ҳам инчунин. Касоне, ки фариштагонро парастиш мекунанд, бояд донанд, ки фариштагон ҳам бандагони итоаткори Аллоҳ буда, дар иҷрои бандагии худ ҳаргиз кибру ору нафрат надоранд. Агар касе аз ибодати Аллоҳи ягона нанг дошта, кибр варзад, бояд донад, ки ба зудӣ ҳамаи онҳоро Аллоҳ назди худ рӯзи қиёмат ҷамъ меорад ва аз онҳо бинобар амалҳои анҷомдодаашон одилона ҳисоб мегирад ва ҳар касро дар баробари амалҳояш ҷазои муносиб медиҳад. Зимнан маълум шуд, ки агар ибодати Аллоҳ иҷро нашавад, ақидае, ки ба ҳастии Аллоҳ дорад, бефоида аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «