Сураи Нисо Ояти 173 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 173 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 173

فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَيُوَفِّيهِمْ أُجُورَهُمْ وَيَزِيدُهُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۖ وَأَمَّا الَّذِينَ اسْتَنْكَفُوا وَاسْتَكْبَرُوا فَيُعَذِّبُهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا وَلَا يَجِدُونَ لَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا ١٧٣

Фа амма-л лазина оману ва ъамилу-с-солиҳоти фа юваффиҳим уҷураҳум ва язидуҳум мин фазлиҳ. Ва амма-л-лазинастанкафу ва-с-такбару фа юъаззибуҳум ъазобан алима-в ва ло яҷидуна лаҳумм мин дуниллоҳи валиййа-в ва ло насиро. 173.

173. Аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, савоби онҳоро аз фазли Худ зиёду пурраву комил медиҳад. Ва аммо касоне, ки нанг карданд ва такаббурӣ намуданд, онҳоро азоби дарднок диҳад ва аз ғайри Аллоҳ ҳеҷ дӯст ва ҳеҷ ёридиҳандае намеёбанд.

Чун ҳамаи мардум рӯзи қиёмат назди Аллоҳ ҷамъ мешаванд, мартабаи ҳамаи онҳо баробар набуда, ояти мазкур онҳоро ба ду тоифа ҷудо сохта, мефармояд, ки касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳро (хоҳ фарз, хоҳ воҷиб ё мустаҳаб, хоҳ онҳо ҳаққи Аллоҳ буданд, хоҳ ҳаққи бандагон) иҷро намуданд, он аҷреро, ки барои иҷрои ин гуна амалҳо ваъда шуда буд, ба таври комилу фаровон соҳиб мешаванд.

Аммо касоне, ки аз ибодати Аллоҳ нангу ор намуда, кибр варзиданд, зуд аст, ки ба ғазабу азоби аламноки Аллоҳ гирифтор шаванд ва ҳеҷ дӯсту ҳеҷ ёваре ба ғайри Аллоҳ наёбанд, ки онҳоро ёрӣ расонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 172 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 174 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)