Сураи Нисо Ояти 175 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 175 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 175

فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَاعْتَصَمُوا بِهِ فَسَيُدْخِلُهُمْ فِي رَحْمَةٍ مِنْهُ وَفَضْلٍ وَيَهْدِيهِمْ إِلَيْهِ صِرَاطًا مُسْتَقِيمًا ١٧٥

Фа амма-л-лазина оману биллоҳи ваътасаму биҳи фа са юдхилуҳум фи раҳмати-м минҳу ва фазли-в ва яҳдиҳим илайҳи сирота-м мустақтмо. 175.

175. Аммо касоне, ки ба Аллоҳ имон оварданд ва ба (ресмони) Ӯ устуворан чанг заданд, пас, зуд аст, ки онҳоро дар раҳмату фазли Худ медарорад ва онҳоро ба сӯйи Худ (роҳи рост) ҳидоят мекунад.

Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур бандагони Худро иршод намуда фармудааст, ки касонеро, ки ба ваҳдонияти Аллоҳтаъоло имон оварда ба остони Ӯ ё ба он нур (Қуръони карим) маҳкам чанг зананд ба зудӣ дар ҷивори раҳмату фазли Хеш дар Биҳишт дохил созад ва пеш аз ин онҳоро дар дунё дар роҳи Исломи ростин ва дар охират ба сӯи Ҷаннатун-наъим ҳидоят кунад. Оре! Остонаи Аллоҳро маҳкам доштан ва аз фитнаҳо хориҷ шудан, аввалан бо шинохтани Парвардигор, бо иҷрои амрҳои динӣ ва ба ҷо овардани иршодоти Қуръони карим ҳосил мешавад, ки ин самараи имони ҳақиқии инсон аст.

Дар охири сура, бори дигар, чуноне ки дар аввали ҳамин сура гузашт, масъалаи мерос, хусусан шахси “калола” кист, сухан меравад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 174 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 176 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)