Тафсири Сураи Нисо Ояти 174 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 174
يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَكُمْ بُرْهَانٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكُمْ نُورًا مُبِينًا ١٧٤
Йа айюҳа-н-носу қад ҷаакум бурҳонум ми-р Раббикум ва анзална илайкум нура-м мубино. 174.
174. Эй мардум! Батаҳқиқ, шуморо аз ҷониби Парвардигоратон ҳуҷҷате омад. Ва ба сӯйи шумо рӯшноии ошкор фуруд овардем.
Бори дигар Аллоҳтаъоло бандагони худро дар ин оят, бо таври умум, ай мардум гуфта, нидову хитоб намуд ва барои онҳо раҳму шафқати худро маълум сохта, хабар медиҳад, ки дар ҳақиқат аз тарафи Парвардигоратон як ҳуҷҷати комил ва нури ошкоро (Қуръони карим) барои роҳнамоии шумо расидааст, ки агар ба он чанг зада, онро маҳкам дореду амал кунед, барои шумо кифоя аст. Яъне Аллоҳтаъоло барои роҳбарии мардум дар навбати аввал пайғамбар (с) ва баъдан Қуръони Каримро фиристод, ки он дар шабҳои тори ҷоҳилият мисли нур, мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва некбахтии дунё ва охиратро барои пайравони худ таъмин месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «