Тафсири Сураи Нисо Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 58
۞ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَىٰ أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُمْ بَيْنَ النَّاسِ أَنْ تَحْكُمُوا بِالْعَدْلِ ۚ إِنَّ اللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُمْ بِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا ٥٨
۞ Инналлоҳа яъмурукум ан туадду-л-амоноти ила аҳлиҳо ва изо ҳакамтум байна-н-носи ан таҳкуму би-л-ъадл. Инналлоҳа ниъиммо яъизукум биҳ. Инналлоҳа кона Самиъан Басиро. 58.
58. Ҳаройина, Аллоҳ ба шумо амр мекунад, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед. Ва ҳангоме ки миёни мардум ҳукм мекунед, бо адолат ҳукм кунед. Ҳаройина, Аллоҳ шуморо ба он некӯ панд медиҳад. Ҳаройина, Аллоҳ шунавою бино аст.
Аллоҳтаъоло зимни ин оят тамоми мардумро амр мекунад, ки касе, ки набошад, тамоми навъи амонатро дар вақте, ки лозим аст, бояд ба соҳибаш расонад. Навъи амонат бисёр аст. Ҳоло, мутаассифона, ба ғайри чизеро назди касе амонат мондан, дигар амонатҳо дар мафкураи мардум маънои худро гум кардаанд. Аз он ҷумла ҳаққе, ки Аллоҳ бар бандагони худ мисли намоз, рӯза, закот, ҳаҷҷ, назр, кафорат, ҳалол, ҳаром ва ғайра дорад, ҳамаи ин амонат аст. Инчунин муомилае, ки байни бандагон мисли вадиъату орият, тиҷорату зироат, музорабаву ширкат, кафолату ваколат ва ғайра ҳамаи ин низ амонат аст, бояд ба соҳибашон расонида шаванд. Ҳатто Расулуллоҳ (с) бо ривояти Имом Аҳмад гуфтаанд: “Адо кунед амонатро ба сӯи шахсе, ки ӯ ба шумо амонат гузоштааст. Ва хиёнат накунед шахсеро, ки ӯ ба шумо хиёнат кардааст.” Сухани Расулуллоҳ ба таври умум ҷамии амонатҳои воҷиба ва ғайраро шомил аст. Дар дигар ҳадиси Расулуллоҳ (с) омадааст, ки “Шахсе ба ту суханеро гӯяду дарҳол ба атроф назар андозад, дон, ки он сухан барои шумо амонат монда шудааст.”
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҳама амонати бузург ин Имон аст. Инсон бо хоҳишу ирода ва қасди содиқ Имон оварда, муъмин мешаваду бо ин аз дигар махлуқот фарқ мекунад. Зеро Аллоҳтаъоло инсонро бо раҳмати Худ бо имон мушарраф гардонидааст. Дар инсоне, ки модари амонатҳо (имон) бошад, дигар амонатҳо риоя мешаванд. Зеро чунин инсон медонад, ки ба амонат хиёнат кардан, нишонаи мунофиқист. Хиёнатчӣ ҳатто шаҳид ҳам шавад, агар амонатро хиёнат карда бошад, дигар гуноҳҳояш бахшида шавад ҳам, аммо гуноҳи хиёнат ба амонат бахшида намешавад.
Дар ин мазмун Имом ибни Аби Ҳотам (р) аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аз Пайғамбари Аллоҳ (с) ҳадисеро ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: Шахсе ба шаҳодат мерасад, ба ғайри амонат дигар ҳама гуноҳи ӯ шуста мешавад. Шахсе ҳатто дар роҳи Аллоҳ ба қатл расида бошад ҳам, рӯзи қиёмат, ба наздаш соҳиби чизеро оварда мешаваду ба ӯ гуфта мешавад: Амонати худро ба соҳибаш адо кун! Ӯ бошад, мегӯяд: Чӣ хел адо мекунам, ҳол он ки дунё ба охир расидааст? Баъдан дар қаъри Ҷаҳаннам мисли он амонатро ба ӯ нишон дода мешавад. Ӯ ба Ҷаҳаннам фаромада, он амонатро ба китфи худ, то ин, ки ба соҳибаш супорад, мебардораду боло меояд. Чун мехоҳад, ки аз Ҷаҳаннам барояд, он амонат аз китфаш меафтаду боз ба таги Ҷаҳаннам меравад ва шаҳид бошад, боз аз пайи ӯ мешавад ва ӯ доимо бо чунин ҳол мемонад (наъузу билллоҳ).
Пеш аз он, ки ба тафсири қисми дувуми ояти мазкур гузарем, баёни сабаби нузули ояти мазкурро дар ин ҷо ба маврид меҳисобем. Бисёре аз муфассирҳо гуфтаанд, ки ояти мазкур дар шаъни Усмон ибни Абиталҳа калиддори хонаи Каъбаи муаззама нозил шудааст. Ривоятҳо бо мазмуни якхела бисёр аст. Локин мо яке аз онҳоро меорем. Соҳиби “Сафватуттафосир” аз Имом Фахри Розӣ (р) ривоят кардаанд, ки чун Расулуллоҳ (с) рӯзи фатҳи Макка дохили Макка шуданд, Усмон ибни Абиталҳа дари хонаи Каъбаро қулф заду болои бомро гирифт ва аз додани калид ба Расулуллоҳ (с) худдорӣ намуда гуфт: Агар медонистам, ки ӯ Расули Худо ҳаст, ҳаргиз аз додани калид, монеъ намешудам. Локин дар ин асно Ҳазрати Алӣ (к), аз дасти ӯ калидро гирифт ва дари Каъбаро кушод. Расулуллоҳ (с) дохили Каъба шуданд, хонаро аз ширкиёт тоза намуданду ду ракаъат намоз хонданд. Чун Расулуллоҳ (с) аз Каъба хориҷ шуданд, ба ҳазрати Алӣ (к) фармуданд, то калидро ба Усмон ибни Абиталҳа диҳаду узр гӯяд. Вақто ки фармонро Ҳазрати Алӣ (к) иҷро намуданд, Усмони Абиталҳа ба ӯ гуфт: Изо медиҳӣ, маҷбур месозӣ, боз меоӣ ва мулоимӣ мекунӣ! Пас
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Алӣ (к) ба ӯ гуфт: Дар шаъни ту ояте нозил шудааст. Чун қисми ояти мазкурро “амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед” хонданд, Усмон ибни Абиталҳа дар ҳол имон оварданд. Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфтанд: “Ай бани Талҳа, ин калидро абадӣ дар худ нигоҳ доред, дигар ин калидро аз шумо ба ғайри золим ҳеҷ кас намегирад!”
Дар қисми дувуми ояти мазкур Аллоҳтаъоло бар ӯҳдаи мусалмонон вазифаи бузурги дигареро ниҳода фармудааст, ки бояд мардум дар ҳар муомилае, ки набошад, байни худашон ҳукми адолатро ҷорӣ кунанд.
Зайд ибни Аслам (р) ҳадиси шарифро далел оварда, мегӯяд, ки ин оят барои ҳокимҳо нозил шудааст. Дар ҳадиси шариф Расулуллоҳ (с) фармудааст, ки: “Модоме ки ҳоким ҷабр накунад, Худои азза ва ҷалла ҳамроҳи ӯст. Агар ҷабрро пеша созад, худашро ба худаш месупорад”. Дар дигар ҳадис омадааст, ки “Адолати яксоатаи ҳоким бо тоати 40-сола баробар аст”.
Хулоса, мусалмонон, вақто ки ҳоким мешаванд, қатъи назар касе, ки набошад, чун шикоятеро пеш оварданд, бояд бо адолат ҳукм кунад. Зеро барои давлатро доимо барқарор нигоҳ доштан, дар қатори имондории ҳоким адолати ӯ низ шарт аст. Дар ҳақиқат, Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур ду роҳи асосии бузургро, яъне амонатдорӣ ва адолатро иршод намуда дар давоми оят фармудааст, ки бинед Аллоҳтаъоло чӣ хел барои шумо ваъзу панди нек медиҳад! Акнун вазифаи мо бандагон ваъзи Парвардигорро бо гӯши ҷон шунидан ва амал кардан аст. Дар охир бо ваъду ваъид фармудааст, ки Ӯ таъоло суханҳои мо бандагонро шунаванда ва амалҳои моро бинандааст. Яъне Аллоҳтаъоло беқиёс бинандаву беқиёс шунавандаи амалҳову суханҳои бандагони Худ аст.
Акнун ояти зер роҳҳои дурусти адои амонат ва бо адолат байни мардум ҳукм ронданро баён мекунад.