Сураи Нисо Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 81

وَيَقُولُونَ طَاعَةٌ فَإِذَا بَرَزُوا مِنْ عِنْدِكَ بَيَّتَ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ غَيْرَ الَّذِي تَقُولُ ۖ وَاللَّهُ يَكْتُبُ مَا يُبَيِّتُونَ ۖ فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَكِيلًا ٨١

Ва яқулуна тоъатун фа изо баразу мин ъиндика байята тоифату-м минҳум ғайра-л-лази тақул. Валлоҳу яктубу мо юбаййитун. Фа аъриз ъанҳум ва таваккал ъалаллоҳ. Ва кафо биллоҳи вакило. 81.

81. Ва (онҳо) дар ҳузури ту мегӯянд: «Кори мо фармонбардорӣ аст». Ва чун аз назди ту берун раванд, гурӯҳе аз онҳо дар шаб ғайри он чиро, ки ту мегӯӣ, машварат кунанд. Ва Аллоҳ (дар номаи аъмоли онҳо) он чиро ки шаб мегӯянд, менависад. Пас, аз онҳо рӯй гардон! Ва ба Аллоҳ тавваккул кун! Ва Аллоҳ аз рӯи корсозӣ кофист.

Аллоҳтаъоло дар ин оят аз ҳоли мунофиқон хабар дода фармудааст, ки онҳо чун дар сафи мусалмонон ё дар канори Пайғамбар (с) бошанд ва чун Расулуллоҳ (с) оятеро хонад ё амреро фармон диҳад, барои ҳифзи манфиатҳои хеш бо дигарон ҳамсадо шуда, бе ихтиёр самъан ва тоъатан, яъне бо ҷону дил ҳозирем ва ба ин амр итоат мекунем, мегӯянд. Аммо, ҳангоме ки аз назди Расулуллоҳ (с) хориҷ шаванд, паймонҳои худро фаромӯш сохта, дар шабнишиниҳои худ бар зидди суханҳои Расулуллоҳ (с) бо якдигар машваратҳо карда, нақшаҳо мекашиданд. Агар ин гуна дастаи мунофиқони дар сурат мусалмон ба сафи мусалмонон ҳамроҳ шаванд, сафи мусалмононро заиф месозанд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло Пайғамбар (с) ва муъминони мухлисро тасаллӣ дода, дар давоми оят фармудааст, ки он машваратҳо ва он тарҳрезиҳое, ки шабона бо тарзи махфӣ алайҳи Пайғамбар (с) ва мусалмонон анҷом медиҳанд, бо амри Мо кироман котибин дар номаи аъмоли ҳар яки онҳо менависанд ва мувофиқи он ҷазояшон муқаррар мешавад. Аллоҳтаъоло дар ҷумлаи баъдӣ ба Пайғамбари Худ (с) амр мекунад, ки ҳоло аз онҳо то муддате рӯйгардон бош, онҳоро ба кору кирдорашон то фурсате во гузор ва ба Аллоҳ таваккал кун, зеро Худованд барои касоне, ки ба Ӯ дар ҳама кор таваккал мекунанд, кифоякунанда ва корсоз аст.

Ояти зер, давоми рафтори нодурусти ин гуна инсонҳоро баён намуда, роҳи дурустро ба онҳо пешниҳод мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)