Тафсири Сураи Нисо Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 91
سَتَجِدُونَ آخَرِينَ يُرِيدُونَ أَنْ يَأْمَنُوكُمْ وَيَأْمَنُوا قَوْمَهُمْ كُلَّ مَا رُدُّوا إِلَى الْفِتْنَةِ أُرْكِسُوا فِيهَا ۚ فَإِنْ لَمْ يَعْتَزِلُوكُمْ وَيُلْقُوا إِلَيْكُمُ السَّلَمَ وَيَكُفُّوا أَيْدِيَهُمْ فَخُذُوهُمْ وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ ثَقِفْتُمُوهُمْ ۚ وَأُولَٰئِكُمْ جَعَلْنَا لَكُمْ عَلَيْهِمْ سُلْطَانًا مُبِينًا ٩١
Сатаҷидуна охарина юридуна ан яъманукум ва яъману қавмаҳум кулла мо рудду ила-л-фитнати уркису фиҳо. Фа ил лам яътазилукум ва юлқу илайкуму-с-салама ва якуффу айдияҳум фахузуҳум вақтулуҳум ҳайсу сақифтумуҳум. Ва улаикум ҷаъално лакум ъалайҳим султона-м мубино. 91.
91. Ба зудӣ гурӯҳи дигареро хоҳед ёфт, ки мехоҳанд ҳам аз шумо эмин бошанд ва ҳам аз қавми худ эмин шаванд. Ҳар гоҳе ки ба сӯйи фитнаангезӣ бозгардонида шаванд, дар он нагунсор андохта мешаванд. Пас, агар аз ҷанги шумо канора нашаванд ва ба сӯйи шумо сулҳро пешниҳод накунанд ва дастҳои худро бознадоранд, пас, ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, асир бигиред ва онҳоро бикушед. Ва Мо барои шумо бар онҳо ҳуҷҷати ошкор додаем.
Сабаби нузули ин оятро баъзе аз муфассирон мисли Абу Саъуд дар шаъни қавме аз Бани Асад ва Ғатфон ва баъзе аз муфассирон бо ривояти Ибни Ҷарир аз Муҷоҳид (р) дар шаъни гурӯҳе аз маккагиён донистанд. Ба ҳар тақдир (хоҳ ин ё он ё ҳарду) онҳо ба Мадина ба ҳузури Пайғамбар (с) омада, риёкорона исломдории худро зоҳир сохта, аҳд бастанд, ки аз мусалмонон худашон ва аҳлу байту молу ҳолашон дар амон мемонанд. Аммо чун ба назди қавми худ расиданд, (то ин ки аз қавми худашон низ дар амон монанд), он аҳду паймонро гӯё ба фаромӯшӣ супурда, мисли онҳо боз ба бутпарастӣ идома доданд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло дар ин оят хитоб ба Расулу асҳоби ӯ (с) намуда мефармояд, ки ба зудӣ шумо гурӯҳи дигаре аз мунофиқонро меёбед, ки онҳо мехоҳанд, ба макру ҳилаи худ ҳам аз шумо дар амон бошанд ва ҳам аз қавми худашон. Яъне назди шумо исломдории худро ошкор месозанд, чун назди қавми хеш раванд, (то аз онҳо осебе набинанд), ҳаммаслаку ҳамақидаи онҳо мешаванд. Онҳо мисли гурӯҳи қаблӣ бе тараф нестанд. Онҳоро агар қавмашон ба сӯи фитнае тела диҳанд, яъне ба сӯи ширк ё ба ҷанг алайҳи шумо фаро хонанд, радд накарда ба ёрии гурӯҳи хеш алайҳи шумо нагунсор шуда (яъне аз ақидаи мусалмоние, ки ба ҳисоби худашон доштанд), ба қафо баргашта, агарчанде дар кори худ ҳайрон ҳам бошанд аз ҳеҷгуна озору зиёне алайҳи шумо даст намебардоранд ва ҳатто алайҳи шумо меҷанганд. Акнун ҷазои ин гуна тоифа чист? Ҷазои ин гуна инсонҳоро давоми оят баён намуда фармудааст, ки агар ин гурӯҳи мардум аз зиёну ҷанг алайҳи шумо канорагирӣ ва пешниҳоди сулҳ накунанд ва аз ҷангидан бо шумо даст набардоранд, иҷозат барои шумо он аст, ки ҳар куҷое онҳоро ёфтед, ба асорат гиреду ба нест кардани онҳо иқдом кунед! Яъне он гурӯҳ касоне ҳастанд, ки бо ин гуна ҷинояту хиёнате, ки алайҳи онҳо ҳуҷҷати ошкор ҳаст, метавонед онҳоро саркубу маҳкумашон кунед.
Дар оятҳои гузашта, муносибат байни мусалмонон ва мунофиқон гузашт. Аммо муносибати гуворо ва писандида байни мусалмонон чӣ хел бояд бошад? Ба ин савол, ояти зер ҷавоб медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «