Тафсири Сураи Нух Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 23
وَ قَالُوۡا لَا تَذَرُنَّ اٰلِهَتَكُمۡ وَلَا تَذَرُنَّ وَدًّا وَّلَا سُوَاعًا ۙ وَّ لَا يَغُوۡثَ وَيَعُوۡقَ وَنَسۡرًا ٢٣
Ва қолу ла тазарунна алиҳатакум ва ла тазарунна Вадда-в ва ла Суваъа-в ва ла Яғуса ва Яъуқа ва Насро. 23.
23. Ва гуфтанд: «Маъбудҳоятонро ҳаргиз тарк накунед ва на «Вудро» ва на «Сувоъро» ва на «Яғус» ва на «Яъуқ» ва на «Наср»-ро!».
Он маккорон ба мардум мегуфтанд, ки мабодо фирефтаи Нӯҳ шуда, аз парастиши маъбудҳои худ даст кашед! Фаромӯш насозед, ки бобоҳои шумо Вуд, Сувоъ, Яғус, Яъуқ ва Наср барин бутҳоро ибодат мекарданд. Шумо пайрави аҷдоди худ шуда, ҳаргиз онҳоро тарк масозед. Хулоса, дороён бо ҳамин гуна ҳилаҳо мекӯшиданд мардумро ҳамеша ба бутпарасти побанд созанд.
Хонандаи гиромӣ дар ибтидои сура аз таърихи пайдоиши бутпарастӣ шуморо маълумот дода будем. Ҳоло бутҳои дар ин оят номбаршуда ишорашуда инҳо дар асл аз ҷумлаи бандагони солеҳ буданд, лекин пас аз дунё рафтанашон зиндаҳо бо васвасаи шайтон суратҳои онҳоро кашида ба ибодаташон пардохтанд…
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «