Тафсири Сураи Нур Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 4
وَالَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ ثُمَّ لَمْ يَأْتُوا بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ فَاجْلِدُوهُمْ ثَمَانِينَ جَلْدَةً وَلَا تَقْبَلُوا لَهُمْ شَهَادَةً أَبَدًا ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ ٤
Ва-л лазӣна ярмуна-л-муҳсанати сумма лам яъту би арбаъати шуҳадаа фаҷлидуҳум саманӣна ҷалдата-в ва ла тақбалу лаҳум шаҳадатан абада. Ва улаика ҳуму-л-фасиқун. 4.
4. Касоне ки занони парҳезгорро ба зино туҳмат мезананд ва чаҳор гувоҳ намеоранд, онҳоро ҳаштод дарра бизанед ва гувоҳии онҳоро ҳеҷ гоҳ қабул макунед, ин ҷамоъат фосиқанд.
Худованд дар ин оят фармудааст, ки касонеро, ки ба занони покдомани парҳезгори муъмина тӯҳмат ба зино мекунанд ва барои исботи даъвои худ чаҳор марди одилро шоҳид намеоранд, то ба ҳақ будани даъвояшон гувоҳӣ диҳанд, ҳаштод дарра бизанед. Агар гувоҳон се нафар, ду нафар як нафар бошанд ҳам, ҳукм чунин аст. Дар идомаи ояти мазкур ҳукми дуввумини тӯҳматгарон баён гардида, Худованд фармуд, ки дар давоми зиндагиашон ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ кор шаҳодати онҳоро қабул накунед. Яъне баъд аз ин тӯҳмати бузург онҳо дигар назди шариати Ислом одил ҳисоб намешаванд, онҳо дигар аҳли шаҳодат нестанд. Дар охири оят ҳукми севуминро нисбати туҳматгарон Худованд баён карда гуфтааст, ки он туҳматгарон фосиқанд. Зеро онҳо аз ҳудуди муайянкардаи Худованд хориҷ шудаанд.
Муфассирон гуфтаанд: Ҳукми туҳмат ба зино нисбат ба мардони парҳезгор мисли туҳмат ба зино нисбати занони покдоман аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «