Сураи Нур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 5

إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ وَأَصْلَحُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ ٥

Илла-л-лазӣна табу мин баъди залика ва аслаҳу фа инналлаҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 5.

5. Магар касоне ки баъд аз ин тавба карданд ва кори худро ба салоҳ оварданд, пас, ҳаройина, Худо омурзандаву меҳрубон аст.

Муфассирон дар шарҳи ояти мазкур гуфтаанд, ки Худованд гуноҳи касонеро, ки (баъд аз туҳмат ба зино) ба иҷрои ҳадди шаръӣ гардан ниҳоданд, бо хӯрдани 80 дарра ҷазои худро гирифтанд ва аз ин амали бади худ пушаймон шуда тавба карданд, мебахшад. Зеро Худованд бахшандаву меҳрубон аст.

Имом Абӯ Ҳанифа мефармояд, ки бинобар ҳукми ин оят чунин шахс тавба кунад ва ислоҳ шавад, локин бо сабабе ҳад (ҷазо) бар ӯ ҷорӣ нашавад аз вай сифати фосиқӣ бардошта мешавад, аммо то зинда аст аз ӯ шоҳидӣ (гувоҳӣ) қабул карда намешавад. Назди Имом Молик ва Имом Шофеӣ аз чунин шахс баъди тавба ҳам гувоҳӣ қабул мешавад ва ҳам сифати фосиқӣ аз онҳо бардошта мешавад. Бояд қайд намуд, ки пушаймонӣ ва тавбаи вай ҳукми ҳадди шаръиро аз тӯҳматгар бекор намекунад.

Дар ояти баъдӣ ҳукми шахсоне баён мегардад, ки ба ҳамсарони худ тӯҳмати зино задаанд ва шоҳид надоранду мехоҳанд даъвои худро собит кунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)