Сураи Нур Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 44

يُقَلِّبُ اللّٰهُ الَّيۡلَ وَالنَّهَارَ‌ ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰ لِكَ لَعِبۡرَةً لِّاُولِى الۡاَبۡصَارِ ٤٤

Юқаллибуллоҳу-л-лайла ва-н-наҳар. Инна фӣ залика ла ъибрата-л ли ули-л-абсар. 44.

44. Худо шабу рӯзро (ивази якдигар) мегардонад, ҳаройина, дар ин муқаддима соҳибназаронро панде ҳаст.

Худованд далели дигари қудрат ва ягонагии худро дар ин оят чунин баён намудааст, ки Аллоҳ таъоло Зотест, ки бо қудрату ҳикмати худ, шабу рӯзро дигаргун мекунад, муддати дарозу кӯтоҳшавии шабу рӯзро ва бо тадриҷ ивазшавии онҳоро, гармӣ ва сардии онҳоро, рӯшноӣ ва торикии онҳоро ҷо ба ҷо мегузораду идора мекунад. Барои соҳибони ақлу фаросат ва барои ибратгирон дар ин чорасозии Парвардигор ибратест.

Дар ҳақиқат дар он чи баён шуд, яъне аз ҷо ба ҷое рондани абрҳо, боронидани барфу борону жола, пайдо кардани барқ, дигаргун кардани шабу рӯз, барои онон, ки биниши оқилона доранд, далелҳои раднопазир ҳаст. Метавонанд ба воситаи он панду ибрат гиранд ва нишонаҳои мавҷудият, қудрат ва азамати Аллоҳи якка ва ягонаро дарк кунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)