Сураи Оли Имрон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 10

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَن تُغۡنِيَ عَنۡهُمۡ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُهُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيۡ‍ٔٗاۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمۡ وَقُودُ ٱلنَّارِ ١٠ 

Инна-л-лазина кафару лан туғния ъанҳум амволуҳум ва ла авлодуҳум-м миналлоҳи шайа. Ва улаика ҳум вақуду-н-нор.10. 

10. Ҳаройина, ононе, ки кофир шуданд, на молҳояшон ва на авлодашон аз азоби Аллоҳ чизеро аз онҳо дафъ накунад ва онҳо оташангези Дӯзаханд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят хабар медиҳад, ки кофирон оташангези ҷаҳаннаманд. Яъне шахсоне, ки бо оятҳои Аллоҳтаъоло кофир шудаанд ва пайғамбарони Ӯро дурӯғ ҳисобидаанд ва ба китоби Аллоҳтаъоло хилоф намуда, ба он амал накардаанду нафъ набурдаанд, бо молу фарзандонашон мағрур шудаанд, дар охират на молашон ва на авлодашон ҳеҷ чизро аз азоби Аллоҳтаъоло аз онҳо дафъ (нест) карда наметавонанд. Чунин ҷамоат ҳезуму оташангези (таҳгирони) ҷаҳаннаманд. Баъзе муфассирони олиқадр сабаби нузули ояти мазкурро нисбат ба яҳудиёни Бани Назир ва Қурайза ва баъзеашон нисбат ба яҳудиёни қабилаи Наҷрон доданд. Онҳо ҳама зери маънои ин оят дохиланд, локин валлоҳу аълам, мазмуни оят ом аст, ба таври умум ҳама кофиронро дар бар мегиранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)