Сураи Оли Имрон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 11

كَدَأۡبِ ءَالِ فِرۡعَوۡنَ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ 

كَذَّبُواْ بِ‍َٔايَٰتِنَا فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُ بِذُنُوبِهِمۡۗ وَٱللَّهُ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ١١

Ка даъби оли Фиръавна ва-л-лазина мин қаблиҳим. Каззабу би-ойотино фа ахазаҳумуллоҳу би зунубиҳим. Валлоҳу шадиду-л ъиқоб. 11. 

11. (Ҳоли онҳо) мисли ҳоли оли Фиръавн ва касоне аст, ки пеш аз инҳо буданд, оятҳои Моро дурӯғ ҳисобиданд, пас, Аллоҳ онҳоро ба (сабаби) гуноҳҳояшон гирифт. Ва Аллоҳ сахт азобкунанда аст.

Аллоҳтаъоло дар ин оят намунаи равшане аз саргузашти қавмҳои сарватманду авлоддори саркаш оварда мефармояд, ки ҳоли ин ҷамоаи куффор мисли ҳоли оли Фиръавн ва кофирони ба молу ҳоли худ мағрургаштаи пеш аз Фиръавн, мисли қавми Ҳуд, Солеҳ, Шуъайб (а) аст, ки онҳо ҳам оятҳое, ки ба ҳаққ будани пайғамбарон далолат мекарданд, дурӯғ ҳисобиданд. Ин куфрашон сабаб шуд, ки Аллоҳтаъоло онҳоро бо азоби сахт ба ҳалокат расонид. Онҳоро на молу на фарзанду на авлодашон, аз азобе, ки бар сарашон омад, наҷот дода тавонист, инчунин куффори Қурайшро, ё қабилаи наҷрониёнро ҳам он боигарӣ ва авлоду тарафдоронашон, агар имон наоранд, дар вақти омадани азоби илоҳӣ ҳеҷ фоидае расонида наметавонанд. Худованд барои шахсони муҷриму таҷовузкор сахт азобкунандааст. Аллоҳтаъоло, Арҳамурроҳимин аст, локин инсон бояд начандон ба раҳмати Аллоҳтаъоло мағрур шавад, ки боиси саркашии ӯ аз роҳи ҳақ шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)