Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 2
ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُ ٢
Аллоҳу ла илоҳа илло Ҳува-л Ҳайюл Қаййум.2.
2. Аллоҳ Худоест, ки ҳеҷ маъбуде (сазовори ибодат) нест, магар Ӯ, зиндаву поянда (ва тадбиркунандаи олам)аст.
Сабаби нузули ин оятро баъзе аз муфассирони олиқадр чунин ривоят кардаанд: Чанд нафаре аз масеҳиёни қабилаи Наҷрон ҳамчу намоянда барои таҳқиқи дини Ислом ба Мадинаи мунаввара назди Расулуллоҳ (с) омаданд ва онҳо бо Расулуллоҳ (с) дар шаъни Исо (а) оғози сухан намуданд. Расулуллоҳ (с) онҳоро аввалан ба гаравидан ба дини Ислом даъват намуд. Онҳо дар ҷавоб ба Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Мо пеш аз ту Ислом оварда, таслими Худованд шудаем. “Пайғамбар (с) ба онҳо гуфт: “Шумо чӣ хел Ислом овардаед, ки амалҳоятон хилофи дини Ислом аст, барои чӣ Исо (а)-ро писари Худо мегӯед ва салибро парастиш мекунед?” Онҳо гуфтанд: “Агар Исо писари Худо набошад, пас падари Ӯ кист?” Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфт: “Эътиқоди мо ва шумо ин аст, ки Аллоҳ зотест, ки Ӯро фано мумкин нест. Исо (а) чӣ хел Худо бошад, ки худатон ҳастед, ки мегӯед, Исо (а) мисли дигар инсонҳо мехӯрад, менӯшад, қазои ҳоҷат мекунад, хоб мекунад, бедор мешавад? Оё Худованд аз чунин корҳо муназзаҳу пок нест? Шумо мегӯед, ки Исо (а) писари Худост, ҳол он ки писар бояд монанди падар бошад. Шумо медонед, ки Аллоҳ соҳиби тамоми оламҳост, тасарруфи ҳамаи онҳо ба ихтиёри Ӯст. Ризқу рӯзидиҳанда ҳам Ӯст. Чунин сифат дар Исо (а) нест-ку? Пас ӯ чӣ хел писари Худо будааст?” Ҳама насрониёни аз Наҷрон омада сукутро ихтиёр карда, аз назди Расулуллоҳ (с) рафтанд. Дар аснои мунозира Расулуллоҳ (с) маънои ояти мазкурро ба он масеҳиён гуфт ва дар давоми сухан фикри худро илова намуд, ки шахсе, ки натавонад фанои худро идора кунад, пас Ӯ дигаронро чӣ гуна нигоҳ медорад? Баъди ин ҳодиса ҳаштоду чанд ояти ин сураи карим нозил шуд. Нахустин ояти он дар шаъни Аллоҳтаъоло мефармояд, ки Ӯ таъоло чунин зотест, ки ғайри Ӯ Парвардигоре барои махлуқот нест, ғайри Ӯ ягон зоте лоиқу сазовори парастиши барҳаққ нест. Ӯ таъоло чунин зотест, ки доимо боқист, Ӯ ҳаргиз намемирад. Доимо дар тадбири шуъуни дунё ва охирати махлуқоти худ қоим аст. Валлоҳу аълам. Ояти зер сифати дигаре аз сифатҳои Парвардигорро эзоҳ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «