Сураи Оли Имрон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 1

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳом.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

الٓمٓ ١

Алиф, Ломм, Мим.1.

1. Алиф, лом, мим  (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад).

Хонандаи ҳушманд, инро бояд бидонӣ, ки Қуръон дорои 114 сура аст. Аз ин 83 сураи он дар Маккаи мукаррама ва 28 сураи он ба истиснои баъзе оятҳои онҳо дигар ҳама дар Мадинаи мунаввара нозил шудааст. Аз 114 сура 29 сураи он бо ҳарфҳои аз ҳам ҷудо, ки нисфи 28 ҳарфи алифбоист, оғоз шудааст.  Мисли:  ﺍ,  ﺭ, ﺱ, ﻃ ,ﺹ, ﻉ, ﻙ, ﻩ ﺡ ﻥ ﻡ ﻝ ﻕ, ﻱ.

Сабаб чист, инро Аллоҳ медонад. Ояти 1-уми ин сура аз ҷумлаи муташобиҳот (сир) буда, валлоҳу аълам, далолат бар он дорад, ки Қуръони карим чунин муъҷизаест, ки аз ҳарфҳои ҳиҷоие, ки ба мардум шиносанд, муназзаму мураттаб шудааст. Локин мардум наметавонанд бо истифода аз ин ҳарфҳои ҳиҷоии оддӣ чунин китоби то охири дунё пояндаро тартиб дода тавонанд. Дигар ин ки шарҳи чунин оятҳои муташобеҳ (сир) дар аввали сураи “Бақара” гузашт, иншоаллоҳ, хонандаи бо ихлос мақсади худро бо мутолеъа аз он қонеъ гардонида метавонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)