Сураи Рум Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 16

وَاَمَّا الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا وَكَذَّبُوۡا بِاٰيٰتِنَا وَلِقَآئِ الۡاٰخِرَةِ فَاُولٰٓٮِٕكَ فِى الۡعَذَابِ مُحۡضَرُوۡنَ ١٦

Ва амма-л-лазӣна кафару ва каззабу би айатина ва лиқаи-л-ахирати фа улаика фи-л-ъазаби муҳЗарун. 16.

16. Ва аммо, ононе ки кофир шуданд ва оятҳои Моро ва мулоқоти охиратро дурӯғ шумориданд, пас, онҳо дар азоб ҳозир карда шаванд.

Чунонеки гузашт, мӯъминон роҳи Биҳиштро пеш мегиранд. Онҳо касонеанд, ки дар дунё ба яккаву ягонагии Худованд ва ҳақ будани даъвати пайғамбарон ҳам имон овардаанд ва ҳам амалҳои солеҳро анҷом додаанд. Ҳангоме ки онҳо дохили боғҳои Биҳишт мешаванд, мебинанд, ки мавриди иззату икром ва ғарқи неъматҳо қарор гирифтаанд, чунон шоду масрур мешаванд, ки нишонаҳои хурсандӣ дар чеҳраашон намудор аст. Аммо шахсоне, ки ба Худованд ва ба оятҳои Қуръон, кофир шуданд ва зинда шудани пас аз маргро, Биҳишту Дӯзахро инкор карданд, чун дохили Дӯзах мешаванд, дар он абадӣ боқӣ мемонанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)