Тафсири Сураи Рум Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 17
فَسُبۡحٰنَ اللّٰهِ حِيۡنَ تُمۡسُوۡنَ وَحِيۡنَ تُصۡبِحُوۡنَ ١٧
Фа субҳаналлоҳи ҳӣна тумсуна ва ҳӣна тусбиҳун. 17.
17. Пас, ба покӣ ёд кунед Худоро, вақте ки шом мекунед ва вақте ки ба субҳ дармеойед!
Дар оятҳои Қаблӣ аз оқибати сарнавишти инсонҳо дар Қиёмат подоши мӯъминон ва ҷазои кофирон хабар дода шуд. Дар ояти мазкур Худованд мефармояд, ки чун ин ҳақиқатро фаҳмидед, пас Худовандро шомгоҳон ва субҳгоҳон ба покӣ ёд кунед. Аллоҳтаъолоро аз ҳама гуна айбу нуқсонҳо ва шарикҳо дар зот ва сифатҳояш пок ва муназзаҳ донед, яъне «Субҳоналлоҳ» гӯед.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «