Тафсири Сураи Рум Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 18
وَلَـهُ الۡحَمۡدُ فِىۡ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَعَشِيًّا وَّحِيۡنَ تُظۡهِرُوۡنَ ١٨
Ва-лаҳу-л-ҳамду фи-с самавати ва-л-арЗи ва ъашийя-в ва ҳӣна тузҳирун. 18.
18. Дар осмонҳо ва Замин ситоиш аз они Ӯст. Ба покӣ ёд кунед Ӯро охири рӯз ва он гоҳ, ки дар вақти завол дармеойед!
Ӯ таъоло аз ҷониби махлуқоти худ чи дар замин ва чи дар осмонҳо маҳмуд (ҳамдгуфташуда-ситоишшуда) аст. Ҳамаи махлуқҳо аз он ҷумла фариштагони аброр дар осмонҳо ва мӯъминони ахёр дар рӯйи Замин Холиқи худро чи ҳангоми аср бошад ва чи ҳангоми вориди зуҳур, ситоиш ва шукр мегӯянд. Ибни Аббос (р) чунин гуфтааст: «Мурод аз калимаи «тасбеҳ», ки дар ин оятҳо гузашт, намоз аст». Мурод аз ибораи «ва ҳӣна тумсуна» намозҳои шом ва хуфтан, ва мурод аз «ва ҳӣна тусбиҳун.» намози бомдод ва калимаи «ъашиян» намози аср, ва мурод аз калимаи «ва ҳӣна тузҳирун» намози пешин аст. Ин ду оят маҷмӯъи панҷвақт намозро дар бар гирифтааст. Бояд тазаккур дод, ки дар ин панҷ вақт нишонаҳои интиқол аз як ҳол ба ҳоли дигар ва аз як замон ба замони дигар намоён аст. Дар воқеъ як шабона рӯз аз панҷ марҳила иборат аст.
Дар ҳадиси шариф бо ривояти Табаронӣ ва Абӯдовуд ва дар охир аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар касе ҳангоми субҳ ин ду оятро бихонад, аз он чи дар шаб зикр мекард, ҳоло адо карда натавонистааст, ё бегоҳ ин ду оятро хонад ва он чи рӯзона зикр мекард, ҳоло адо карда натавонистааст, кифоя мешавад».
Барои маълумоти бештар ба ояти 1-2-уми сураи «Зуҳо» ва ба ояти 1-2-уми сураи «Лайл» ва ба ояти 3-юми сураи «Шамс» муроҷиат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «