Сураи Рум Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 36

وَاِذَاۤ اَذَقۡنَا النَّاسَ رَحۡمَةً فَرِحُوۡا بِهَاؕ‌ وَاِنۡ تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةٌ ۢ بِمَا قَدَّمَتۡ اَيۡدِيۡهِمۡ اِذَا هُمۡ يَقۡنَطُوۡنَ ٣٦

Ва иза азақна-н-наса раҳматан фариҳу биҳа. Ва ин тусибҳум саййиатун би ма Қаддамат айдӣҳим изаҳум яқнатун. 36.

36. Ва чун мардумро бахшоише бичашонем, ба он шодмон шаванд ва агар ба онҳо сахтие, ба сабаби он чӣ дастҳои онҳо пеш фиристодааст, бирасад, ногаҳон онҳо ноумед мешаванд.

Яке аз нишонаҳои инсоне, ки дар нигоҳ доштани гавҳари имони худ собитқадам нест ва то ин ки имон аз дасташ наравад, пофишорӣ намекунад ва барои бандаи ҳақиқӣ будан бо Худованд аҳди мустаҳкам набастааст ин аст, ки агар Худованд барои озмоиш ба ӯ тансиҳатӣ, кушоиши кор ва дигар неъматҳои фаровонро ато кунад, худро дар имтиҳони Худовандӣ надониста, ба ҷойи шукру тоъату ибодат ва тавозӯъу хоксорӣ чунон шоду мағрур мешавад, ки дигар дар ӯ на нишонаи бандагӣ дида мешавад ва на донистани Қадри неъмат. Даст ба кибру риёву манманӣ, худтаърифкунӣ зада, неъматдиҳандаи ҳақиқиро фаромӯш мекунад.

Агар ба ҳамин гуна инсон ба хотири кирдори шумаш ҳамчу огоҳӣ ранҷу кулфат бирасад, чунон навмед мешавад, ки гӯё Худованд дигар асло Қодир нест, ки ӯро ёри диҳад. Ӯ намефаҳмад, ки ин бало ва офате, ки бар сараш омад, аз сабаби касофатии гуноҳҳои худи ӯст. Ҳол он ки агар имон медошт, ин озмоишҳо барои каффорати гуноҳҳои ӯ буд.

Бо ривояти Суҳайб (р) дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Аҷабо бар кори шахси муъмин, ҳар ҳукмеро Худованд барои ӯ содир кунад, барои ӯ хайр аст; Агар ба ӯ неъмату хушҳолие бирасад, шукр мекунад, ин барои ӯ хайр аст, агар ба ӯ бало ва ранҷе бирасад, сабр мекунад ин ҳам барои ӯ хайр аст».

Оре! Ин аст мақоми шахсе, ки даъвои бандагӣ ва даъвои имондорӣ дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)